Сентябр 11, 2019 11:08 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди муовини пешини вазири кишоварзии Русия барои ҷилавгирӣ аз хомфурӯшии пахта дар Тоҷикистон

Муовини пешини вазири кишоварзии Русия мӯътақид аст, танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз хомфурӯшии 75 дарсад пахтаи тавлидшуда дар Тоҷикистон роҳандозии фароварии ин маҳсул дар дохили ин кишвар аст.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Леонид Холод бо ишора ба содироти беш аз 75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба хориҷ ба шакли хом гуфтааст, ки бояд дар дохили ин кишвар корхонаҳои фароварии ин маҳсул сохта шавад, то бо ин кор илова бар иштиғолзоӣ аз падидаи номатлуб ва зиёнбори хомфурӯшӣ низ ҷилавгирӣ шавад.

Вай мегӯяд раванди сохти корхонаҳои фароварии пахта дар Тоҷикистон замонбар хоҳад буд ва ниёз ба ҷазби сармояи хориҷӣ ва насби таҷҳизоти ҷадид вуҷуд дорад, чаро ки барои фароварии ин маҳсули муҳим бояд дар теъдоде аз навоҳии Тоҷикистон, ки умдаи мазореи он ба кишти пахта ихтисос дорад, корхонаҳои фароварӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва рангрезӣ сохта шавад.

Ҳамчунин заррурати сохти корхонаҳои дӯхти либос аз пахтаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки заминаи содироти либос ва на пахтаи хомро ба хориҷ фароҳам месозад.

Муовини пешини вазири кишоварзии Русия пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон барои омӯзиш гирифтан аз тиҷорати кишварҳое, монанди Миср ва Туркия, ки қаблан ба хомфурӯшии пахта машғул будаву акнун ба тавлидкунандагони маҳсулот табдил шудаанд, барномарезӣ кунанд.

Назарҳо