Сентябр 11, 2019 11:56 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои як фаъоли фирқаи

Додгоҳи шаҳри Хӯҷанд як фаъоли фирқаи мамнӯаи "Шоҳидони Яҳува" дар Тоҷикистонро ба иттиҳоми доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ ва нажодӣ ба 7 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, Шомил Ҳакимови 68 сола, ки бо иттиҳоми доман задан ба ихтилофоти мазҳабӣ ва нажодӣ ба 7 солу шаш моҳи зиндон маҳкум шуд, пас аз озодӣ низ ба муддати се сол аз ҳаққи фаъолият дар созмонҳои динӣ маҳрум аст.

Вай мутаваллиди ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи шаҳри Душанбе аст, ки дар соли 2016 ба шаҳри Бӯстони вилояти Суғд рафта ва ба таблиғи афкори фирқаи мамнӯзаи "Шоҳидони Яҳува" иқдом кардааст. Гурӯҳи кории Кумитаи давлатии умури динӣ, танзим ва маросими Тоҷикистон бо баррасии китоби "Инҷил"- тарҷумашуда ба забони тоҷикӣ аз сӯи фирқаи "Шоҳидони Яҳува" эълом карда буд, ки  ин асар метавонад заминаи бурӯзи ихтилофоти мазҳабӣ дар ин кишварро фароҳам оварад.

Фирқаи масеҳии "Шоҳидони Яҳува" аз соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолият мекард, ки ба далели худдории аъзои он аз хидмати ҳарбӣ дар соли 2007 бо ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҳаққи фаъолият дар ин кишвар маҳрум шуд.

 

Назарҳо