Сентябр 11, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии тими миллии футболи Тоҷикистон бар Муғулистон дар хонаи ҳариф

Тими миллии футболи Тоҷикистон муваффақ шуд тими миллии футболи Муғулистонро дар хонаи худаш шикаст диҳад ва саргурӯҳ шавад.

Ин мусобиқа рӯзи сешанбе 10 сентябр дар шаҳри Улан-Батор, пойтахти кишвари Муғулистон ва дар чорчӯби даври дуввуми интихобии Ҷоми Sаҳонии 2022 ва Ҷоми Осиё 2023 баргузор шуд.

Голи пирӯзии бахши тими миллии футболи Тоҷикисонро дар дақиқаи 80 бозӣ, Давронҷон Эргашев бо зарбаи зебои сар ба дарвозаи Муғулистон равона кард.

Ҷолиб ин, ки Давронҷон дар ибтидо дар ҳайати тими Тоҷикистон ҳузур надошт ва дар нимаи дуввум дар дақиқаи 53 ба ҷои ҳамlастаи худ Раҳимов ба майдон ворид шуд.

Ба ин тартиб Давронҷон Эргашев ба унвони таъвизи тиллоии сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон дар ин бозӣ лақаб гирифт.

Тими Тоҷикистон дар гурӯҳи F рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 ва Ҷоми Осиё 2023 бо тимҳои Ҷопон, Муғулистон, Қирғизистон ва Миянмар ҳамгурӯҳ аст ва дар бозии нахусти ин рақобатҳо ҳам тими миллии футбол бо ҳисоби як бар сифр шикаст дода буд.

  

Назарҳо