Сентябр 11, 2019 16:41 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Иморот дар Дубай

Руасои утоқҳои саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон ва Иморот дар Дубай дидор ва дар хусуси ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи саноеъ ва бозаргонии Тоҷикистон, ки бо ҳадафи ширкат дар нишасти гурӯҳи фаннии ширкаткунандагони байналмилалии “Экспо – 2020” ба Иморот сафар кардааст, дар Дубай бо Муҳаммад оли Маҳоири, раиси Утоқи саноеъ ва бозаргонии ин кишвар дидор кард.

Ба гузориши “Форс”, дар ин нишаст илова бар руасои утоқҳои бозаргонии 2 кишвар, ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва раиси ширкати “Авесто груп” ширкат карданд.

Дар ҷараёни ин музокирот дар хусуси вазъият ва чашмандози равобити дуҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ баҳсу табодули назар сурат гирифт ва дар чорчӯби он паҳлуҳои гуногуни масоили марбут ба барқарорӣ ва тавсеаи иртиботот миёни утоқҳои бозаргонии 2 тараф баррасӣ шуд.

Маҳоири бо ибрози умедворӣ аз ин ки сафари ҳайати Тоҷикистон иртибототи 2 кишварро тақвият ва ба он пӯёии бештаре хоҳад бахшид, бар зарурати тавсеаи иртиботот миёни ниҳодҳои тиҷорӣ аз тариқи баргузории ҳамоишҳои тиҷории муштарак, конфронс ва намоишгоҳҳо таъкид кард.

Ҷумъахонзода низ ба навбати худ ба лузуми ҳамкорӣ дар заминаи проектҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар арсаҳои калидии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла энержӣ, маъдан, муҳандисии механик, металлургияи ғайриоҳанӣ, санъати петрошимӣ, тиҷорат,  сохтимон, бонкдорӣ, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва гардишгарӣ таъкид кард.

 

Барчасп

Назарҳо