• Ҷашни харбуза дар бозори Меҳргони Душанбе

Имрӯз сешанбе дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамкории шаҳрдории пойтахт, Ҷашни харбуза баргузор шуд

Ба нақл аз Ховар, ин маросим ба муносибати 27-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд.

Кишоварзон аз ҳама шаҳр ва ноҳияҳои Тоҷикистон аз ҷумла аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳри Нав ва Рӯдакӣ анвои харбуза ва хурокиҳое, ки аз он таҳия мешавадро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Дар ин маросим мусобиқоти ҷолибе ҳам баргузор шуд, ки мусобиқаи “Зуд хурдани харбуза” тарафдорони бисёр пайдо кард.

 

Сентябр 04, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
Назарҳо