• Талоши давлати Бангладеш барои интиқоли оворагони Руҳингиё ба ҷазираи дурафтода

Дар пайи хушунатҳои хунин зидди мусулмонони Руҳингиё ва овора шудани ҳазорон тан аз онон, Бангладеш эълом кард, қасд дорад як ҷазираи ин кишвар дар халиҷи Банголро барои сукунати муваққати мусулмонони овораи руҳингиёӣ омода кунад.

Ба гуфтаи Ич. Ти. Имом- мушовири сиёсии Шайх Ҳусайна- нахуствазири Бангладеш, наметавон аз вуруди мусулмонони Руҳингиё ба Бангладеш, ки аз зулму ситами давлати Миёнмор мегурезанд, ҷилавгирӣ кард ва мақомҳои Дакка аз созмонҳои байналмиллалӣ дархост карданд, то шароити имкони иқомати муваққати ин паноҳҷӯёнро дар ҷазираи Тенгар Чар фароҳам кунанд.

Пештар низ давлати Бангладеш аз тарҳи худ барои искони оворагони мусулмони Руҳингиё дар ҷазираи дурафтодаи Тенгар Чар дар обҳои ҷануби ин кишвар хабар дода буд.

Ин ҷазира, ки ҳудуди 11 сол аст дар Бангладеш аз зери об берун омадааст, ба далели селхез будан, ба хусус дар фасли тобистон ва гашти мудовими дуздони дарёӣ дар атрофи он ба ҳамроҳи набуди ҳеҷ гуна шароити зистӣ, ҷазирае хатарнок барои зист маҳсуб мешавад.

Ба ҳамин далел пешниҳоди давлати Дакка барои интиқоли мусулмонони овораи Руҳингиё ба ин ҷазира бо вокуниш ва мухолифати тунди маҳофили мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ шудааст. Аз ин рӯ давлати Бангладеш бо берун рондани оворагони мусулмони Руҳингиё ва эъмоли фишори музоаф бар онон, мекӯшад ниҳодҳои байналмилалиро барои ироаи кумак ҷиҳати искони мусулмонони овораи Руҳингиё дар ҷазираи Тенгар Чар муҷоб кунад.

Санҷо Кото Сеонӣ раиси дафтари созмони байналмилалии муҳоҷират дар Бангладеш гуфт: Мусалмонони Руҳингиё бо фоҷиаи инсонӣ рӯбарӯ ҳастанд, ҷомеаи байналмилал ба вазъияти онон таваҷҷуҳ кунад ва эъмоли фишор бар давлати Миёнмор барои поёни наслкушии мусулмонони Руҳингиё лозим ва зарурӣ аст. Мусулмонони Руҳингиё, ки вориди Бангладеш шудаанд, дар бадтарин вазъият зиндагӣ мекунанд.

Аз ин рӯ барои маҳофили байналмилалӣ ва ҷомеаи исломӣ пазируфтанӣ нест, ки давлати Бангладеш барои оворагони мусулмони Руҳингиё вазъияте ба маротиб аз вазъияти баде, ки дар он қарор доранд, эҷод кунад. Ҳарчанд Бангладеш муддаӣ аст, ҳузури оворагони мусулмони Руҳингиё дар ин кишвар мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва амниятӣ эҷод мекунад, аммо роҳи ҳалли он интиқоли мусулмонони мазлуми Руҳингиё ба ҷазирае нест, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҳеҷ унвони эҳтимоли зисти инсонӣ дар онро таъйид намекунанд.

Ба навиштаи рӯзномаи Индепенденти чопи Англия, теъдоди зиёде аз мусулмонони Руҳингиё ба хотири хушунат ва кушторе, ки дар рӯзҳои охир ташдид шуда, ба самти Бангладеш дар ҳоли фирор ҳастанд, гарчи медонанд, ки поёни ин сафар низ номаълум аст.

Дар ҳар ҳол, Бангладеш барои искони оворагони мусулмони Руҳингиё ба унвони кишвари исломӣ набояд ба гунае амал кунад, ки маҳофили ғарбӣ низ бихоҳанд ҳамбстагии исломӣ ва кумаки мусулмонон ба ҳамнавъи худро зери савол бибаранд ва вонамуд кунанд, ки танҳо маҳофили ғарбӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии онҳо ҳастанд, ки метавонанд ба вазъияти оворагони мусулмони Руҳингиё кумак кунанд.

Ҳарчанд онон низ дар баробари мазлумияти мусулмонони Руҳингиё сукут ихтиёр кардаанд. Эъмоли фишор бар давлати Миёнмор барои шиносоии мусулмонони Руҳингиё ба унвони шаҳрвандони ин кишвар метавонад роҳи ҳалли асосӣ барои поёни хушунатҳои хунин зидди онон дар Миёнмор бошад.

 

Сентябр 06, 2017 14:09 Asia/Dushanbe
Назарҳо