• Нақши пурранги Арабистон дар ҳодисаи террористии 11-уми сентябр

Як нашрияи амрикоӣ аз кашфи далелҳои ҷадиде дар бораи нақши сафорати Арабистон дар Амрико дар ҳодисаи 11-уми сентябр хабар дод.

Нашрияи "Ню Йорк пост” дар остонаи ҳабдаҳумин солгарди ҳамалоти террористии 11-уми сентябр навишт, далелҳои ҷадид нишон медиҳад, сафорати Арабистон дар Амрико аз шабеҳсозии амалиёти рабудани ҳавопаймоҳо пуштибонии молӣ карда, ин шабеҳсозиро ду нафар аз коркунони ин сафорат анҷом додаанд. Озмоиши рабудани ҳавопаймо ду сол пеш аз вуқӯи ҳамалоти 11-уми сентябр анҷом шуда, ду корманди сафорати Саудӣ ин лоиҳаро дар пӯшиши донишҷӯ иҷро кардааст.

Интишори асноди ҷадид дар хусуси нақши сафорати Арабистон дар робита ба ҳодисаи 11 сентябр дар ҳоле аст, ки бештари муттаҳамони ин амалиёти террористӣ низ асолати арабистонӣ доштанд. Гузоришоти мухталифе низ пеш аз ин дар хусуси нақши мустақими Арабистон дар ин ҳодисаи террористӣ мунташир шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳазфи 28 сафҳа аз гузориши қаблӣ дар хусуси ҳамалоти ёздаҳуми сентябр, ки дар ин сафаҳот ба нақши Арабистон дар ин воқеа ишора шуда буд, низ нишондиҳандаи он аст, ки Вашингтон ба ҳар наҳве дар садади сарпӯш гузоштан ва пинҳон кардани нақши Арабистон дар ин ҳамалот аст. Гуфта мешавад, дар ин пинҳонкорӣ Созмони ҷосусии Амрико ҳам ба таври мустақиму ғайримустақим нақш доштааст.

Мақомоти амрикоӣ дар идомаи дипломатияи маккоронаи худ бо таърифу тамҷидҳои авомфрибона аз он чӣ, ки нақши Арабистон дар суботи минтақаию ҷаҳонӣ унвон мекунанд, дар садади инҳирофи афкори умум аз ҳамкориҳои худ бо Арабистон ба унвони ҳомии аслии терроризм аст, ки вориди марҳалаи ҷадиду печидае шудааст. Аммо ифшои беш аз пеши шавоҳиду санадҳо дар хусуси нақш доштани Арабистон дар ҳамалоти 11 сентябр ва огоҳии Созмони ҷосусии Амрико аз иқдомоти Риёз баёнгари он аст, ки Арабистону Амрико қодир нестанд, монеъ аз рӯшан шудани нақши Арабистон дар ин ҳодисаи террористӣ шаванд.

Нигоҳе ба фаъолиятҳои Арабистон дар дохилу хориҷ нишон медиҳад, аксари террористҳои минтақа ва ҷаҳон асолати саудӣ доранд ва ё таҳти таъсири гароишҳои ваҳҳобии Арабистон қарор гирифтаанду аз ҳимояти молию таслиҳотии Оли Сауд бархурдоранд. Ин воқеият бар касе пӯшида нест, ки Арабистон дар бисёре аз ҳаводиси террористӣ ва мувоҷеҳ сохтани кишварҳои мухталиф бо ин падида шум даст дорад. Имрӯз нақши Арабистон дар даргир сохтани Сурия, Ироқ ва Яман бо терроризм комилан ошкор аст. Дар воқеъ, дар ҳар иқдоми террористӣ радди пойи як саудӣ комилан аён аст. Илова бар ҳимояти фикрӣ ва идеологӣ аз ашколи мухталифи терроризм, иқдомоти ҳадафманд ва барнома‎резишуда Арабистон дар минтақа ва ҷаҳон чатри ҳимоятии ифротгароёну террорист‎ҳост. Чунон ки дар ҳоли ҳозир шохаҳои гурӯҳакҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, назири ДИИШ ва “ал-Қоида” ба номҳои мухталиф, назири “Ансор-уш-шариа”, “Бокуҳаром”, “аш-Шабоб” ва ғайра дар Африқо, Осиё, ҳатто Аврупо ва Амрико ҳамчунон фаъол ҳастанд ва ин як занги хатар барои амнияти ҷаҳонӣ аст. Нақши Арабистон дар эҷоди гурӯҳҳои такфирӣ-террористӣ ва тағзияи фикрии чунин ҷараёноти мунҳарифу хушунатбор воқеияте аст, ки маҳофили ғарбӣ, ки давлатҳояшон низ аз ҳомиёни терроризм дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд, ба он эътироф доранд. Ҳамин тариқ, ҳосили иқдомоти тавтеаомези Арабистон ва равобити пушти пардаи он бо Амрико дар ин замина густариши терроризму ифрот‎гароӣ ва ба мухотира афтодани беш аз пеш суботу амнияти байналмилалӣ ва вуқӯи ҳаводисе назири воқеаи 11-уми сентябр будааст.

 

Сентябр 10, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо