• 11-уми сентябр. 16 сол баъд

16 сол пеш, 11-уми сентябри соли 2001 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мавриди ду ҳамлаи вайронгари террористӣ қарор гирифт.

Се ҳавопаймои мусофирбаре, ки ба контроли ҳавопайморабоён даромада буд, сохтмонҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва сохтмони Вазорати дифои Амрико дар Вашингтонро ҳадаф қарор дода, қариб 3 ҳазор танро ба коми марг кашонд. Ҳукумати вақти Амрико ин иқдомро кори гурӯҳи “ал-Қоида” унвон карда, барои гирифтани интиқом аз он Афғонистонро мавриди ҳамла қарор дод. Дар идомаи он чӣ ҷанг алайҳи террор хонда мешуд, ду сол баъд аз ҳодисаи 11-уми сентябр Ироқ, дигар кишвари исломӣ низ мавриди таҳоҷуми амрикоиҳо қарор гирифт.

Акнун 16 сол аз он чӣ, ки бузургтарин шоки амниятӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳида унвон шудааст, гузашт. Ба назар мерасид, ин шоки воридшуда ба ҷомеаи Амрико мушкили терроризмро барои ин кишвар, ҳамчунин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамеша рафъ мекунад... Бо ин ҳол, бо нигоҳи гузаро ба баъзе аз таҳаввулоти сиёсӣ - амниятии 16 соли гузашта ба хубӣ ошкор мешавад, ки Ҳукумати Амрико барои таҳаққуқ бахшидан ба аҳдофи аслии худ дар муқобила бо терроризми ҷаҳонӣ ноком мондааст. Мика Занко, коршиноси Шӯрои равобити хориҷии Амрико дар мақолае дар рӯзномаи “Ню-Йорк” ин суолро матраҳ кардааст, ки чаро тибқи эъломи Вазорати хориҷии Амрико, теъдоди гурӯҳҳои террористии хориҷӣ аз 28 (дар соли 2002) ба 61-то расидааст?

Дар ин 16 сол чанд кишвар ба ишғоли амрикоиҳо даромад, ё мавриди ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ қарор гирифт. Гуфта мешавад, ҷанг дар Афғонистону Ироқ беш аз шаш триллион доллар ҳазинаи мустақиму ғайримустақим барои андозсупорандагони Амрико бар ҷой гузоштааст. Дар ин ҷангҳо беш аз як миллион инсон дар Ироқ, Афғонистон, Сурия, Либия ва Яман бо баҳонаи мубориза бо терроризм ҷон бохт. Теъдоди талафоти Артиши Амрико дар ҷанги Ироқ низ аз 4500 тан фаротар рафт ва рекорди талафоти ҷангҳои Амрико баъд аз ҷанги Ветнамро шикаст. Ҳамзамон Ҳукумати Амрико барои муқобила бо терроризм тамоми марзҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандиро шикаста, бузургтарин амалиёти ҷосусӣ дар таърихи башарро мавриди иҷро гузошт. Бо ин ҳол, ба шаҳодати оморҳои расмӣ, теъдоди қурбониёни иқдомоти террористӣ пас аз 11-уми сентябр ба маротиб бештар аз солҳои пеш аз ин рухдод будааст. То пеш аз 11 сентябр агар мушкили терроризм маҳдуд ба манотиқи хосе аз ҷаҳон, бавижа дар ғарб ва ҷануби Осиё буд, баъд аз ин ҳодиса он ба мушкили ҷаҳонӣ бадал шуда, саросари ҷаҳон, аз ҷумла Аврупои Ғарбӣ ва Иёлоти Муттаҳидаро  фаро гирифт. Ин дар ҳолест, ки бо иттихози сиёсатҳои дугона дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ, чун “ал-Қоида” ва ДИИШ аз сӯйи бархе қудратҳои ҷаҳонӣ метавон интизор дошт, дар солҳои баъди ҳодисаи 11 сентябр терроризм густурдатар ва ҷаҳон ба макони хатарноктар мубаддал шавад.

 

Сентябр 11, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
Назарҳо