• Боздиди нахуствазири Бангладеш аз урдӯгоҳи оворагони мусалмони Миёнмор

Нахуствазири Бангладеш аз урдӯгоҳи оворагони мусалмони миёнморӣ боздид кард.

Ба гузориши “Ассошейтед пресс”, Шайх Ҳасина Воҷид, нахуствазири Бангладеш рӯзи сешанбе, ҳангоми боздид аз урдӯгоҳи оворагони мусалмони Руҳингиё дар наздикии шаҳраки марзии Ухиё гуфт, Ҳукумати Миёнмор бояд ҳарчи сареътар барои бозгардонидани оворагони Руҳингиё ба он кишвар тадобири лозимро иҷро кунад. Ӯ таъкид кард, Бангладеш беадолатии зидди мусалмонони Руҳингиёро таҳаммул нахоҳад кард ва ниҳояти талоши худро барои кумак ба онон ба кор хоҳад гирифт. Нахуствазири Бангладеш пештар низ зимни интиқод аз Ҳукумати Миёнмор ба хотири саркӯби хушунатбори мусалмонони ин кишвар гуфта буд, зулму сангдилӣ зидди мусалмонони Руҳингиё ба андозае аст, ки забон қодир ба баёни он нест.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Бангладеш эълом кард, Дакка дар садади ҷалби ҳимояти байналмилалӣ аз тарҳи ин кишвар барои интиқоли паноҳҷӯёни мусалмони Руҳингиё ба ҷазираи дурафтодае дар Халиҷи Бангол аст. Бангладеш дар айни ҳол таъкид кардааст, мизбонӣ аз паноҳандагони Руҳингиё мушкилоти зиёде барои ин кишвар эҷод мекунад ва кумакҳои инсондӯстонаи бештаре бояд барои паноҳандагони миёнморӣ фиристода шавад. Аз 25-уми август то кунун дар натиҷаи ҳамалоти артиш ва буддоиёни ифротии миёнморӣ садҳо тан аз мусалмонон дар ин кишвар кушта, ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва 300 ҳазор нафари овора низ ба Бангладеш паноҳанда шудаанд.

 

Сентябр 12, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо