• Интихоби як зани мусулмон ба унвони раиси ҷумҳури Сингапур

Ҳалима Яъқуб – раиси собиқи парлумони Сингапур имрӯз чаҳоршанбе ба унвони нахустин раиси ҷумҳури зани мусулмон дар ин кишвари кӯчаки ҷанубу шарқи Осиё муаррифӣ шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҳалима Яъқуб - нахустин раиси ҷумҳури зани мусулмон ва молоии Сингапур дар 47 соли гузашта аст.

 Ҳалима Яъқуби 63 сола соли 2013 низ нахустин зан ва мусулмоне буд, ки ба унвони раиси парлумони Сингапур интихоб шуд.

 Ҳомиёни раиси ҷумҳури нави Сингапур субҳи чаҳоршанбе дар ҳоле, ки либоси зардранг бар тан доштанд, бо таҷаммӯъ дар Маркази иттиҳодияи мардум шодӣ карданд.

 Ҳалима Яъқуб донишомухтаи риштаи ҳуқуқ аз донишгоҳи Сингапур аст, ки фаъолияти кории худро аз соли 1978 дар Кунграи миллии иттиҳодияи тиҷорат оғоз кард ва дар соли 2001 вориди арсаи сиёсат шуд ва ба унвони намоянда ба парлумон роҳ ёфт.

 Вай 10 сол баъд ба вазорати тавсеаи ҷавомеъ, варзиш ва ҷавонон даст ёфт ва дар сол 2013 низ ба унвони раиси парлумон баргузида шуд ва дар ниҳоят унвони нахустин раиси ҷумҳурии зани молоии кишвари Сингапурро аз они худ кард.

 

Сентябр 13, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо