• Су Чжи суханрониашро дар Маҷмаи умумии СММ лағв кард

Вазири умури хориҷа ва мушовири давлати Миёнмор суханрониашро дар ҳафтодудувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид лағв кард.

Ба гузориши хабаргузории Синхуа, Ю Зау Ҳтой, мудири кулли дафтари раёсати ҷумҳурии Миёнмор эълом кард, Ю Ҳенри Ван Тио, муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар ба ҷойи Аун Сан Су Чжи дар ҳафтодудувумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ мекунад.

Дар нишасти пешини Маҷмаи умумии СММ дар соли 2016 Су Чжи суханронӣ карда буд.

Су Чжи, ки соли 1991 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шуд, акнун аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод аст, ки чаро дар баробари куштори мусалмонони Руҳингиё дар Миёнмор сукут карда ва ҳеч гуна иқдоми амалӣ барои таваққуфи ин ҷиноёт анҷом намедиҳад.

Коршиносон муътақиданд, ки лағви суханронии Су Чжи дар Маҷмаи умумии СММ ба далели ҳаҷми болои интиқодоти байналмилалӣ аз амалкарди вай будааст.

Бар асари ҳамалоти артиши Миёнмор ба мусалмонони Руҳингиё дар вилояти Рохин, дар ғарби ин кишвар, ки аз 25 –уми август оғоз шудааст, ҳазорон нафар куштаву маҷрӯҳ ва ҳудуди 370 ҳазор нафар овора шудаанд.

 

Сентябр 13, 2017 18:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо