Филми бачаи филе, ки метавонад осори наққошии бисёр зебоеро халқ кунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо вокунишҳои густардае рӯбарӯ шудааст.

Ба гузориши “Спутник”, ин фил тавоноии наққошӣ кардан дорад ва муҷиби шигифтии бисёре аз корбарон шудааст.

Бар асоси ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ ин бачаи фили осиёии ҳунардӯст “Ҷейси” ном дорад ва дар як маркази муҳофизатии филҳо дар “Ломпонг” дар шимоли Таиланд зиндагӣ мекунад.

Тавоноии ин фил ба ҳадде болост, ки метавонад дарахт, филу табиатро тарроҳӣ ва ҳатто рангомезӣ кунад.

 

Сентябр 14, 2017 12:45 Asia/Dushanbe
Назарҳо