• НАСА фаро расидани рӯзи “қиёмат”-ро ҳушдор дод

Идораи кулли миллии ҳавонавардӣ ва фазоии Амрико (НАСА) хатари оташфишонии кӯҳи Йеллоустоунро ҳушдор додааст.

Ба гузориши “Спутник”, НАСА аз миёнаҳои моҳи август то кунун хатари оғози фаввораҳои кӯҳи оташфишони Йеллоустоунро ҳушдор додааст. Иттифоқе ки аз назари паёмадӣ бо зарбаи чанд шаҳоби сангу ҷанги ҳастаӣ қобили муқоиса аст.

“Индепендент” ҳам дар ин бора навиштааст: “Ин ҳодисаи оташфишонӣ метавонад бо тағйири манзараи кулли қораи Амрикои Шимолӣ, обу ҳаворо дар саросари кураи Замин таҳрик кунад ва бо таъсир бар сарнавишти башарият, сабаби бурузи фоҷеаи ҷаҳонӣ шавад”.

Дар натиҷаи ҷаввораҳои оташфишонии бисёри хатарноки Йеллоустоун дар иёлати Вайоминги Амрико “зимистон” –и тӯлонӣ фаро хоҳад расид, ки донишмандон барои мамониат аз вуқуи ин иттифоқ қасд доранд аз тариқи чоҳи дастисоз, кӯҳе аз об ба даруни он ворид ва ба кӯмаки бухори падидомада барқ тавлид кунанд.

Ҳамчунин бедор шудани абри оташфишони Йеллоустоун метавонад иллати фаро расидани “зимистони ҳастаӣ” шавад, ки бар асари он миллионҳо нафар кушта хоҳанд шуд.

 Пешбинӣ шудааст, инфиҷори азими ин оташфишонӣ боиси эҷод ва идомаи  абри бузурге бар фарози Замин мешавад, ки аз нуфузи партавҳои хуршедӣ мамониат хоҳад кард ва барои ду то се сол миёнгини ҳарорати ҳаворо 12 дараҷаи сонтиград коҳиш хоҳад дод.

 

Сентябр 14, 2017 13:32 Asia/Dushanbe
Назарҳо