• Зани ҷавони рус рақиби аслии Путин

Як зани ҷавони рус рақиби аслии Путин дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2018 хоҳад шуд.

Ба гузориши “Ал-Олам”, як манбаи огоҳ ба рӯзномаи русии “Ведемости” гуфт, Кремл дар назар дорад то занеро ба унвони номзади раёсати ҷумҳурӣ ва рақиби аслии Путин дар интихоботи ояндаи Русия муаррифӣ кунад.

Бар ин асос қарор аст Собчак, муҷрии машҳури телевизионӣ ба унвони номзади идеал ва намунае аз зани ҷавони муосири Русия, ки қасд дорад вориди сиёсат шавад, ба афкори умумии ин кишвар муаррифӣ шавад.

Бо ин ҳол то кунун Путин мавзеи расмии худро барои ширкати муҷаддад дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълом накардааст.

 

Сентябр 18, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
Назарҳо