• Таблиғи Трамп барои суханронияш дар СММ

Раисҷумҳури Амрико суханронии рӯзи сешанбеашро дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид муҳим хонд.

Доналд Трамп дар паёме дар сафҳаи твиттерии худ рӯзи суханронияшро дар Маҷмаи умумӣ рӯзи бузург тавсиф кард. Трамп муддаӣ шуд, дар рӯзи суханронияш бисёр иттифоқоти хуб ва бархе иқдомоти найрангомез рух медиҳад. Ӯ эълом кард: “Мо тими бузурге дорем. Суханронии муҳими ман соати 10-и бомдод (ба вақт маҳаллӣ) оғоз мешавад”.

72-юмин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯзи сешанбе, 12 сентябр дар Ню-Йорк оғоз шудааст ва дар он бисёре аз намояндагони 193 кишвари узв ширкат кардаанд. Қарор аст, Трамп дар Созмони Милали Муттаҳид дар бораи дурнамои тааҳҳуди Амрико ба дунё суханронӣ кунад. Ба гуфтаи мақомоти аршади Кохи Сафед, Трамп ҳамчунин дар суханронияш ба барномаи атомии Эрон, буҳрони Венесуэла, террористҳои ДИИШ ва фишори бештари кишварҳои узв ба Кореяи Шимолӣ бо ҳадафи даст кашидан аз барномаҳои таслиҳотияш ишора хоҳад кард.

 

Сентябр 19, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
Назарҳо