• Бонуи мусулмон, рақиби Путин дар интихобот

Як зани мусулмони доғистонӣ рақиби интихоботии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия мешавад.

Аина Ғамзатова, бонуи 46 солаи мусулмон барои интихоботи раёсатҷумҳурии Русия дар моҳи марти 2018 эъломи номзадӣ кардааст.

Ин бонуи муҳаҷҷаба раиси як маҷмуаи расонаӣ ва низ як маркази хайрия дар Доғистон аст.

Ӯ ҳамсари Аҳмад Абдуллоев, муфтии Доғистон аст.

Доғистон, минтақае ҳассосу амниятӣ барои давлати Русия маҳсуб мешавад солҳои гузашта ба далели фаъолиятҳои террористии гурӯҳҳои ифротӣ дар ин минтақа, садҳо нафар дар даргириҳои байни нерӯҳои амниятии Русияву террористҳо кушта шудаанд.

Пештар низ як зани модели рус ва муҷрии телевизиони машҳури ин кишвар барои рақобат бо Путин дар интихобот эъломи номзадӣ карда буд.

Расонаҳои ғарбӣ гузориш медиҳанд, мумкин аст, Русия барои гарм кардани рақобатҳои интихоботӣ аз ҳузури номзадҳои зан дар интихобот истиқбол кунад.

Ҳудуди 20 миллион аз ҷамъияти 140 миллион нафарии Русия мусулмон ҳастанд.

 

Январ 02, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо