• Мухолифат бо таъйини писари Ҳикматёр дар Маҷлиси сенати Афғонистон

Раиси Маҷлиси сенати Афғонистон бо тарҳи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар барои таъйини писари раиси Ҳизби исломӣ барои узвият дар ин ниҳод мухолифат кард.

Ба гуфтаи расонаҳои Афғонистон, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар нишасте бо Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси Маҷлиси сенат, тарҳи интисоби Ҳабибурраҳмон Ҳикматёр, писари Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии ин кишварро дар ин ниҳоди қонунгузорӣ матраҳ кард, ки бо мухолифати Муслимёр рӯбарӯ шуд.

Ғанӣ дар ин дидор аз Муслимёр хост то панҷ нафар аз намояндагони интисобии сенатро барои ҷойгузинӣ ба давлати Афғонистон муаррифӣ кунад то афроди ҳомии давлатро ба ҷойи онҳо мансуб кунад.

 Раиси Маҷлиси сенати Афғонистон дар вокуниш ба тарҳи Ғанӣ гуфта, интисоби писари Ҳикматёр ба унвони намояндаи Маҷлиси сенат сабаби эҷоди ихтилофоти қавмӣ дар ин ниҳод хоҳад шуд.

Пеш аз ин низ раиси Маҷлиси сенат дар вокуниш ба қонуншиканиҳои аъзои Ҳизби исломӣ дар вилояти Тахор аз давлати Афғонистон хоста буд то алайҳи онҳо иқдом кунад.

Маҷлиси сенати Афғонистон 102 узв дорад, ки тибқи қонуни асосии ин кишвар 34 узви он аз сӯйи раиси ҷумҳурӣ мансуб мешаванд ва бақияи аъзои ин маҷлис, ки 68 тан ҳастанд, ба сурати интихобӣ аз шӯроҳои вилоятиву шӯроҳои шаҳристонӣ ба тартиб барои 4 ва 3 сол ба Маҷлиси сенат роҳ меёбанд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар соли 2016 муддати фаъолияти аъзои интисобии Маҷлиси Сенатро тамдид кард, ки ин тасмим пас аз дидори шуморе аз онон бо раиси ҷумҳурии Афғонистон рӯйи даст гирифта шуд.

Дархости Ғанӣ аз раиси Маҷлиси сенат барои муаррифии панҷ тан аз сенаторҳое, ки дорои амалкарди заиф ва ҳамчунин муддати фаъолияти онҳо ҳам рӯ ба итмом аст, бо ин ҳадаф матраҳ шуд, ки дар раванди ҷойгузин кардани афроди ҳамсӯ бо давлат дар Маҷлиси сенат, писари раиси Ҳизби исломии Афғонистон ҳам битавонад ба ин маҷлис роҳ пайдо кунад.

 Барномаи раиси ҷумҳурии Афғонистон барои фароҳам кардани заминаи вуруди писари Ҳикматёр ба Маҷлиси сенати ин кишвар дорои ангезаи сиёсӣ аст, ки ба ҳамин далел раиси Маҷлиси сенат бо он мухолифат кардааст.

Раиси сенати Афғонистон нигарони он аст, ки вуруди писари Ҳикматёр ба ин ниҳод сабаби ташдиди ихтилофоти қавмӣ шавад, ба хусус он ки дар моҳҳои гузашта раиси Ҳизби исломӣ бо рӯйи даст гирифтани мавозее дар ин замина ба шикофҳои қавмӣ доман задааст.

Ин дидгоҳ вуҷуд дорад, ки Ашраф Ғанӣ дар шароите, ки бо бархе аъзои давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон, аз ҷумла генерал Абдурашид Дустум, муовини аввали раиси ҷумҳурӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии кобина, Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроӣ ва Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх дучори ихтилофоти густарда шудааст, қасд дорад бо ҷалби ҳимоятҳои сиёсии раиси Ҳизби исломӣ дар бахшҳои мухталиф, онро ҷойгузини халои иборат аз шикоф дар равобит бо муттаҳидони собиқи худ кунад.

Ба хусус он ки Дустум, Ато Муҳаммади Нур ва Муҳаммади Муҳаққиқ эътилофи “Наҷоти Афғонистон”-ро дар ҷойгоҳи оппозитсиюни давлат ташкил додаанд.

Истифода аз зарфияти Ҳизби исломии Афғонистон дар интихоботи ояндаи порлумонӣ ба манзури касби курсиҳои бештар тавассути гурӯҳи ҳомиёни Ғанӣ дар ин ниҳод муҳимтарин ҳадафе аст, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар аз тақвияти равобити сиёсӣ бо Ҳикматёр, онро дунбол мекунад.

Дар ҳоле раиси ҷумҳурии Афғонистон дар садади ҷалби ҳамкорӣ ва ҳимояти Ҳикматёр дар арсаҳои сиёсӣ аст, ки раиси Ҳизби исломии ин кишвар худ муддаии нишастан бар курсии раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва ё ҳидояти давлати ояндаро дорад.

Ба назар мерасад, барномаи Ғанӣ барои эътои имтиёзоти хос ба Ҳикматёр барои ҷалби ҳимояти сиёсии вай метавонад чолишҳои раиси ҷумҳурии Афғонистонро афзоиш диҳад.

 

Январ 02, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
Назарҳо