• Ҷанги лафзии занони дипломати русу амрикоӣ бар сари Эрон

Сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар вокуниш ба изҳороти зидди эронии намояндаи Амрико дар Созмони милали муттаҳид посухи дандоншикане ба ӯ дод, ки таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кард.

Шабакаи телевизионии NTV эълом кард, Мария Захарова дар посух ба изҳороти зидди эронии Ники Ҳейлӣ, ки баргузории нишасти Шӯрои амният бо мавзуи Эронро хостор шуда буд, гуфт: Ҳеч шакке нест, ки ҳайъати Амрико дар Шӯрои амният суханони зиёдеро барои гуфтан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дорад .

Захарова ба киноя гуфт: Ба унвони мисол Ники Ҳейлӣ метавонад таҷрубаи кишварашро дар саркуби тазоҳуроти эътирозии мусолиматомез дар миён бигузорад .

Вай идома дод: Ҳейлӣ метавонад вориди ҷузъиёт шавад, масалан боздошти дастаҷамъии муътаризон дар ҷунбиши тасхири Вол Стрит ё тазоҳуроти Фергусенро, ки ба шиддат саркуб шуд, ташреҳ кунад .

Ҷунбиши тасхири Вол Стрит ҳаракати эътирозии гурӯҳе аз мардуми Амрико дар шаш соли қабл зидди беадолатиҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар буд, ки садҳо ҳазор нафар аз ақшори заифи ҷомеаи Амрикоро бо худ ҳамроҳ кард .

Полиси Амрико ҳазорон нафар аз аъзои ин ҷуебиши эътирозиро боздошт карду дар боздошти муътаризон ба шеваи бисёр хашине амал кард .

 

Январ 03, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
Назарҳо