• Тан додани муҷаддади Трамп ба БАРҶОМ

Ҳамонгуна, ки интизор мерафт, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бори дигар таълиқи таҳримҳои ҳастаии Эронро тамдид кард.

Бар асоси тавофуқи гурӯҳи 1+5 аз ҷумла Амрико бо Эрон, куллияи таҳримҳои вазъшуда ба баҳонаи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон бояд то замоне, ки Теҳрон тааҳҳудоти барҷомии худро анҷом медиҳад, аз сӯи кишварҳову ниҳодҳои вазъкунанда, лағв ё таълиқ шавад.

Ба ҳамин далел низ аз ду соли пеш токунун, давлати қаблӣ ва давлати кунунии Амрико ба таълиқи таҳримҳои ҳастаии вазъшуда алайҳи Эрон аз сӯи Конгресс идома додаанд.

Албатта дар моҳҳои ахир, мақомоти амрикоӣ ҳамроҳ бо бархе расонаҳо, тардидҳое дар бораи тамдиди муҷаддади таълиқи таҳримҳо эҷод карда буданд.

Бо ин ҳол, ин бор низ Трамп бо вуҷуди ҳаёҳуҳои фаровон, таълиқи таҳримҳои мубтанӣ бар тааҳҳудоти барҷомиро тамдид кард.

Айни ҳол, раисҷумҳури Амрико таҳдид кард, охирин бор чунин иқдомеро анҷом медиҳад.

Трамп бо таҳдиди Аврупо эълом кард, агар дар тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон тағйироте эҷод нашавад, 120 рӯзи дигар таълиқи таҳримҳои Эронро тамдид нахоҳад кард ва Амрико ба таври расмӣ аз БАРҶОМ хориҷ хоҳад шуд .

Трамп гунҷондани барномаҳои мушакии Эрон дар тавофуқи муҷаддади ҳастаӣ ва доимӣ шудани маҳдудиятҳои ҳастаии Эронро шарти мондани Амрико дар БАРҶОМ эълом кардааст.

Ба назар намерасад, то 120 рӯзи оянда, хости давлати Амрико барои тағйир дар мафоди БАРҶОМ муҳаққақ шавад.

Дар ин сурат, давлати Амрико ё бояд мавзеи кунунии худро тарк кунад ё таҳдиди Трамп барои хуруҷ аз БАРҶОМ-ро ба иҷро гузорад.

Ин дар ҳолест, ки хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва нобудии БАРҶОМ, ба манзалаи лағви тааҳҳудоти барҷомии ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад буд.

Мақомоти аршади Теҳрон мукаррар эълом кардаанд, ки омодаи бозгашт ба даврони пеш аз БАРҶОМ дар кӯтоҳтарин замони мумкин ҳастанд ва чи басо фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ ба лиҳози камӣ ва кайфӣ аз он даврон низ сабқат бигирад.

Ҳамин ҳушдорҳо низ муҷиб шудааст, то Трамп бо вуҷуди ҷанҷолофариниҳо ва хату нишон кашидан барои Конгресси Амрико ё Иттиҳодияи Аврупо, ҳамчунон аз таҳдид ба хуруҷ аз ончи бадтарини тавофуқи торихи Амрико мехонд, худдорӣ кунад .

 

 

 

Январ 13, 2018 22:25 Asia/Dushanbe
Назарҳо