Неруҳои амниятии Нигерия рӯз шанбе барои муддати кӯтоҳе иҷоза доданд, Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии ин кишвар дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шавад ва ба саволоти онон, посух диҳад.

Шайх Иброҳим Закзокӣ, ки бо гардани бинтпеч шуда ва пас аз ҳузур дар бемористоне дар Абужа -пойтахти Нигерия дар ҷамъи хабарнигорон ҳозир шуд, аз мардуми ин кишвар барои ҳимоятҳояшон аз вай, ташаккур кард.

Ӯ гуфт, ҳамчунон «зинда» аст ва иҷоза ёфта, ки тавассути пизишки худ мавриди муоина қарор гирад.

Шайх Закзокӣ аз соли 2015, замоне, ки артиши Нигерия ба ҳусайнияи шаҳри Зария ҳамла кард, ба ҳамроҳи ҳамсараш дар боздошт басар мебарад.

Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, дар он ҳамлаи наздик ба ҳазор нафар, аз ҷумла писари Шайх Закзокӣ кушта шудаанд.

Ҳузури расонаии Шайхи Закзокӣ пас аз он анҷом шуд, ки дар рӯзҳои гузашта бо боло гирифтани нигарониҳо дар бораи вазъияти саломатии ӯ, чандин тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Нигерия дар ҳимоят аз раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия баргузор шуд.

 

Январ 14, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо