• Риябков: Амрико бо таҳрими Маскав ба дунболи таъсир гузоштан ба интихоботи Русия аст

Муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, Амрико бо иҷроӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Маскав дар остонаи баргузории интихоботи раёсат ҷумҳурии Русия ба дунболи таъсир гузоштан ба ин интихобот аст.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Сергей Риябков, эълом кард то поёни моҳи январ ду гузориши давлати Амрико ба конгира дар бораи иҷрои қонуни зидди русии моҳи августи 2017 мунташир хоҳад шуд.

Муовини вазири умури хориҷаи Русия афзуд: Гузориши нахуст шомили феҳрести шаҳрвандон ва эҳтимолан мақомҳои русӣ хоҳад буд, ки  таҳримҳои Амрикоро дар бармегирад ва гузориши дуввум короии таҳримҳои мавҷуд алайҳи Русияро арзёбӣ хоҳад кард.

Ӯ бо таъкид бар инки раиси ҷумҳурии Русия тадбирҳои лозим барои муқобила бо имкони таъсиргузорӣ ва фишор бар вазъияти иқтисодии Русия аз сӯйи кишварҳои мухолиф иттихоз хоҳад кард тасреҳ кард, тамоми гузинаҳои мутақобил ба таҳримҳои зидди русии Амрико руйи миз аст.

Доналд Трамп-раиси ҷумҳурии Амрико 2-уми августи 2017 мусаввабаи вазъи таҳримҳои нави зидди Русияро имзо кард.

Амрико қарор аст 50 нафар аз шаҳрвандони Русияро таҳрим кунад.

Амрико аз соли 2014 бо тарҳи иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кӯмак ба мухолифони давлати ин кишвар маҷмуъае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зидди русиро вазъ кардааст, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.

Ҷудоии нимаҷазираи Қрим аз Украина ва пайвастани он ба Русия дар соли 2014 бар асоси натиҷаҳои баргузории ҳамапурсӣ ва ҳамчунин иддаои дахолати Маскав дар интихоботи раёсат ҷумҳурии 2016-и Амрико таниш миёни ду кишварро дучандон кардааст.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, 18-уми марти 2018 баргузор мешавад.

Январ 14, 2018 12:35 Asia/Dushanbe
Назарҳо