• Оғози ҳафтумин давраи омӯзиши забони форсӣ дар Ҷопон

Ҳафтумин давраи омӯзиши забони форсӣ дар Токио ба ҳиммати ройзании фарҳангии Эрон дар Ҷопон ва бо ҳамкории бунёди Саъдӣ оғоз шуд.

Ин давраи омӯзишӣ дар се сатҳ ва ҳашт синфи омӯзишӣ тарроҳӣ шудааст .

Дар ин давра, 75 забономӯз ва алоқаманд ба забони форсӣ ҳузур доранд .

Ҳусайни Девсолор, ройзани фарҳангии Эрон дар Ҷопон дар ҷамъи форсиомӯзони ҷопонӣ, забони форсиро аз зеботарину ҷаззобтарин забонҳо ва дорои зароифи фаровон донисту афзуд: Камтар забоне ба андозаи форсӣ ва ба зеботарин шакл, вуҷуҳи ахлоқӣ, ирфонӣ, ишқ, навъи дӯстӣ ва мавзуоти мутанаввии иҷтимоӣ ва фарҳангиро баён мекунад .

Ӯ шахсиятҳои бузург дар тӯли торих, ки дар ғанои забон форсӣ кушидаандро ном бурд: Шахсиятҳои беназири торихӣ монанди Мавлоно, Саъдӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз ва низ шоирону нависандагони муосир дар ғанои ин забон бисёр кушидаанд .

 

Барчасп

Январ 23, 2018 15:08 Asia/Dushanbe
Назарҳо