• Ру ба ру шудани муовини раисҷумҳури Амрико ва марди шумораи дуи Кореяи шимолӣ

Муовини раисҷумҳури Амрико ва марди шумораи дуи Кореяи шимолӣ ё худ муовини раҳбари ин кишвар асри имрӯз дар ҳошияи зиёфати шоми раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар Пхёнчхан, бо якдигар рӯ ба рӯ шуданд ва ба таври нохоставу кутоҳмуддат якдигарро мулоқот карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, расонаҳои Кореяи ҷанубӣ эълом карданд ин ду нафар зоҳиран саъй доштанд аз рӯёрӯии мустақим бо якдигар худдорӣ кунанд, аммо натавонистанд.

Расонаҳои Кореяи ҷанубӣ эълом карданд муовини раисҷумҳури Амрико панҷ дақиқа баъд аз рӯёрӯии тасодуфӣ бо марди шумораи дуи Кореяи шимолӣ, ки бидуни суҳбат ва ё даст додани ду тараф буд, маҳалли баргузории зиёфати шомро тарк кардааст.

 Дар ибтидо қарор буд Майк Пенс  бар сари мизи аслӣ дар канори мизбон ва рӯ ба рӯйи марди шумораи Кореяи шимолӣ қарор гирад.

 Зиёфати шом дар шаҳри Юнг Пайунг дар шарқи шаҳри Пхёнчхан-мизбони бозиҳои олимпии замистонӣ ва бо ҳузур 200 нафар аз ҷумла беш аз 10 тан аз раҳбарони ҷаҳон, аз ҷумла Шинзо Абэ-нахуствазири Жопун ва раисони ҷумҳури Олмон ва Эстония баргузор шуд.

 Ҳамчунин қабл аз ин зиёфати шом, раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ ва марди шумораи ду Кореяи шимолӣ дар иқдоми камсобиқа бо ҳам дидор карданд ва даст доданд.

 Ҳайати баландпояи Кореяи шимолӣ аз ҷумла Ким Йо Чонг-хоҳари Ким Чен Ун-раҳбари Кореяи шимолӣ ва Ким Ен Нам-марди шумораи дуи Кореяи шимолӣ субҳи имрӯз барои ширкат дар маросими ифтитоҳияи бозиҳои олимпии замистонӣ ва мулоқот бо раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ вориди ин кишвар шуда буд.

 Ким Ен Нам болотарин мақоми расмии Кореяи шимолӣ ва Ким Йо Чонг низ аввалин узви хонаводаи ҳокими Кореяи шимолӣ аст, ки ба Кореяи ҷанубӣ сафар мекунанд.

 Коршиносон эҳтимол медиҳанд Ким Йо Чонг-хоҳари раҳбари Кореяи шимолӣ оварандаи паёме аз сӯи раҳбари Кореяи шимолӣ бароии раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ бошад.

  22 варзишкори Кореяи шимолӣ дар се риштаи варзишӣ дар бозиҳои олимпии замистонии 2018 дар Пхёнчхани  Кореяи ҷанубӣ ширкат кардаанд.

 

Феврал 09, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
Назарҳо