• Муноқишаи Амрико ва Туркия бар сари Гулен

Муноқишаи Туркия бо Амрико бар сари истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен шакли тозае ба худ гирифт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико, ки ба Анкара сафар кардааст, дар конфронси матбуотии муштарак бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфтааст, мавзӯи истирдоди Гулен дар ихтиёри Барак Обама, раисҷумҳури Амрико нест, балки ба тасмими Додгоҳи Олии ин кишвар бастагӣ дорад. Ӯ таъкид кардааст, қонунҳои Амрико ба раисҷумҳури ин кишвар иҷозаи ихроҷи афродро аз Амрико намедиҳанд.

Ин изҳороти муовини раисҷумҳури Амрико дар ҳоле матраҳ шуд, ки Эрдуғон дар ин конфронси хабарӣ ба зарурати истридоди Гулен аз сӯйи Амрико таъкид кард. Вале Ҷо Байден аз Анкара хост, то барои истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен далелҳои асосноки бештаре ироа кунад.

 

 

Барчасп

Август 25, 2016 19:09 Asia/Dushanbe
Назарҳо