• Нигаронии Амрико аз афзоиши нақши Чин дар иқтисоди Осиёи Марказӣ

Як маркази таҳқиқоти амрикоӣ дар бораи мизони қарзи хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон ба вижа Чин изҳори нигаронӣ кард.  

Ба иттилои Форс, Маркази таҳқиқоти тавсеаи ҷаҳонӣ «center for global development» дар тозатарин гузориши худ эълом кард, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар канори шаш кишвари Ҷибутӣ, Лаос, Малдив, Муғулистон, Монтенегро ва Покистон дар баробари буҳронҳои иқтисодӣ бисёр осебпазир шудаанд.

Ба гуфта ин марказ, Чин дар қолаби тарҳи «як камарбанд як ҷодда» вомҳои мухталифе ба ин кишварҳо додааст ва бо рушди вомҳо вобастагии кишварҳои ёдшуда ба Чин афзоиш пайдо мекунад.

Ин марказ эълом кардааст, ки дар ояндаи наздик қарзи хориҷии Қирғизистон ба 71 дарсади тавлиди нохолиси миллии ин кишвар мерасад.

Дар қолаби тарҳи «як камарбанд як ҷодда», сармояи Чин дар кишварҳои мухталиф афзоиш меёбад ва давлати Пекин се триллиард доллар сармоягузорӣ дар 68 кишвари ҷаҳонро дар назар дорад.

 

Март 07, 2018 19:31 Asia/Dushanbe
Назарҳо