• Вокуниши Вазорати хориҷаи Қатар ба изҳороти валиаҳди Арабистон

Сухангуи Вазорати хориҷаи Қатар ба изҳороти таҳқиромези валиаҳди Арабистон вокуниш нишон дод ва саудиҳоро ба фиребкорӣ муттаҳам кард.

Лулува Алхотир, Сухангуи Вазорати хориҷаи Қатар дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Алшарқ дар вокуниш ба изҳори назари мақомҳои Саудӣ, ки буҳрон дар равобити кишварҳои арабӣ бо Қатарро беаҳаммият хонда буданд, гуфт: Чигуна ин буҳрон кӯчак аст дар ҳоле, ки бахши бештаре аз суханони Алҷабир дар Парлумони Аврупо ба ин масъала бармегашт?

Вай гуфт: Давҳа аз замони оғози буҳрон дар ҳамаи мавзеъгириҳо ботадбир ва оқилона амал кардааст.

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ ва Одил Алҷабир, вазири хориҷа Арабистон ба тозагӣ ҳар як дар суханоне буҳрони Қатарро масъалае кӯчак ва беаҳаммият хонданд.

Қатар дар январи 2016 ва пас аз ҳамлаи иддае ба сафорати Арабистон дар Теҳрон, дар ҳимоят аз Риёз сафири худро аз Эрон фаро хонд, аммо дар Августи 2017 ва пас аз онки аз ҷониби Арабистон ва ҳампаймононаш таҳрим шуд, сафири худро ба Теҳрон бозгардонд.

 

Март 07, 2018 21:29 Asia/Dushanbe
Назарҳо