• Ҳинд дар феҳристи кишварҳои фосиди ҷаҳон

Созмони “Шаффофияти Байналмилалӣ” эълом кард, Ҳинд ҳамчунон дар феҳристи кишварҳои фосиди ҷаҳон қарор дорад.

Ба гузориши ИРНА, созмони “Шаффофиятм Байналмилалӣ”, нозир бар фаъолиятҳои фасодомез дар ҷаҳон, дар гузориши тозаи худ аз миёни 180 кишвари фасодзада, Ҳиндро дар байни фосидтарин кишварҳо қарор додааст.

Дар ин гузориш Зелландия Нав ва Сингапур ба унвони поктарин кишварҳои ҷаҳон аз фасод муаррифӣ шудаанд. Дар ҳоле, ки Сомалӣ ва Судони Ҷанубӣ дар интиҳои феҳристи фасод қарор доранд.

Бар асоси меъёрҳои ин созмон, ки имтиёзе байни сифр то сад ба кишварҳо медиҳад, Ҳинд нумраи 40-ро гирифтааст, ки онро ба унвони 81-умин кишвари фосиди ҷаҳон муаррифӣ мекунад.

Аммо мақомҳои Ҳинд зимни радди ин гузориш мегӯянд, амалкарди ин кишвар дар солҳои ахир ба таври доим дар ҳоли беҳбуд будааст, ки ба далели сиёсатҳои давлати Норандро Моди ҳосил шудааст.

 

Март 08, 2018 13:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо