• Ҳамлаи Толибон ба вилояти Қандаҳори шарқи Афғонистон

Манобеи амниятӣ аз ҳамлаи муҳоҷимон ба Мақарри полис дар шаҳристони Испинбулдаки вилояти Қандаҳор дар шарқи Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо аз Кобул, сухангӯи фармондеҳии полиси вилояти Қандаҳор эълом кард: Чаҳоршанбешаб чаҳор муҳоҷим ба фармондеҳии полиси шаҳристони Испинбудлак ҳамла карданд.

Зиё Дурронӣ афзуд : Аммо пас аз ду соат даргирӣ ҳамаи онҳо кушта шуданд.

Ба гуфтаи вай дар ин ҳамла шаш неруи полис низ кушта шуданд.

Гуруҳи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Ин дар ҳолест, ки дар даргирии асри рӯзи пеш дар шаҳри Ҷалолободи маркази вилояти Нангарҳор низ се кушта ва 16 захмӣ бар ҷой гузошт.

Дар ин ҳамлаи террористӣ раиси Идораи Ҳаҷ ва авқофи вилояти Нангарҳор низ кушта шуд.

 

Март 08, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо