• Русия: БАРҶОМ ба ҳеҷ тавофуқи такмилӣ ниёз надорад

Намояндаи Русия дар Вена баъд аз нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ таъкид кард, ки ин тавофуқи ҳастаӣ, ниёзманди ҳеҷ тавофуқи такмилӣ нест.

Ба гузориши “Форс”, Михаил Улянов, сафири Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена пас аз нишасти рӯзи гузаштаи комиссияи муштарак дар бораи тавофуқи ҳастаии Эрон (БАРҶОМ) таъкид кард, тавофуқот дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, ниёзманди ҳеҷ тавофуқи такмилӣ нест.

Ёздаҳумин нишасти комиссияи муштараки БАРҶОМ дирӯз (ҷумъа 16 март) бо ҳузури ҳайатҳои Эрон ва гурӯҳ 5+1 дар Вена, ба кори худ поён дод.

Ин нишаст рӯзи гузашта ба раёсати Сайид Аббос Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон ва Ҳелга Шмидт, муовини масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳутели Стивен Кобурги шаҳри Вена-пойтахти Австрия баргузор шуд.

Улянов рӯзи гузашта дар гуфтугӯ бо хабаргузории «ТАСС»-И Русия таъкид кард, БАРҶОМ бояд бидуни тағйир ва ба ҳамин шевае, ки ҳамакунун ҳаст, дастнахӯрда боқи бимонд, чаро, ки дар ғайри ин сурат тавозуни шиканандаи манофеъ бар ҳам хоҳад хӯрд.

Вай афзуд: «агар тамоми тарафҳои зирабт ногаҳон бихоҳанд бархе тавофуқоти бештар ба он изофа кунанд, ки албатта ҳеҷ иртиботе низ ба ин Барномаи иқдоми муштарак надорад ва барои он музир низ ҳаст, мавзӯи иҷрои иродаи сиёсии онҳо пеш меояд ва мо бар ин боварем, ки ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад, ки тавофуқоти такмилӣ ба БАРҶОМ, изофа шавад».

Ин дипломати аршади рус идома дод: «кишварҳои ғарбӣ нигарони барномаи мушакии Эрон ҳастанд ва талош доранд, то ин барномаро дар чаҳорчӯб биоваранд, ки аз нигоҳи онҳо муносиб аст. Ман сирфан метавонам таъкид кунам, ки ин масъала ҳеҷ иртиботе ба тавофуқи ҳастаии Эрон надорад».

 

Март 17, 2018 19:02 Asia/Dushanbe
Назарҳо