• Конгресси Амрико, монее бузург бар сари тавофуқ бо Кореяи Шимолӣ

Сооте пас аз интишори баёнияи муштараки миёни сарони Амрико ва Кореяи Шимолӣ, намояндагони Конгресси Амрико эътирозот ва мухолифатҳои худро бо натоиҷи дидори Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун дар Сингапур эълом карданд.  

Бархе сенаторҳои ҷумҳурихоҳ аз Доналд Трамп хостанд, тавофуқи ниҳоӣ бо Кореяи Шимолиро барои тасвиб ба конгресс ирсол кунад.

Гурӯҳе низ ҳамчун сенатори ҷумҳурихоҳ, Линдсей Граҳам эълом карданд, ба ҳеҷ унвон ба тарҳе мабнӣ бар хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Кореяи Ҷанубӣ раъй нахоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки демократҳо тақрибан муттафиқулқавл, тавофуқи ҳосила миёни Трамп ва Кимро мубҳам, нокофӣ ва ба нафъи Кореяи Шимолӣ эълом карданд.  

Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократи Сенат мегӯяд: Ин масъала, ки баёнияи муштараки ин қадар куллӣ ва мубҳам аст, мояи нигаронӣ аст, ончи Иёлоти Муттаҳида ба даст овардааст, дар беҳтарин ҳолат мубҳам ва ғайри қобили ростозмоӣ аст, аммо ончи Кореяи Шимолӣ ба даст овардааст, машҳуд ва пойдор аст.  

Ба назар мерасад, раванди мавриди назари Доналд Трамп барои расидан ба тавофуқ бо Кореяи Шимолӣ дар ибтидои кор бо монеи конгресс бархурд кардааст.

Гарчи ҳидояти музокирот бо Кореяи Шимолӣ бар уҳдаи давлати Амрико, бавежа шахси Трамп аст, бо ин ҳол, бидуни ҷалби ризояти конгресс, дастёбӣ ба сулҳи пойдор миёни ду кишвари Амрико ва Кореяи Шимолӣ тақрибан ғайримумкин хоҳад буд.  

Айни ҳол, мавзуи лағви даҳҳо қонуни таҳримӣ алайҳи Кореяи Шимолӣ чолиши бузургтаре пешорӯи Трамп қарор медиҳад.

Ба назар намерасад, ҳатто дар сурати нобудии комили тавони атомӣ ва мушакии Кореяи Шимолӣ, таҳримҳои вазъшуда алайҳи ин кишвар дар Конгресси Амрико лағв шавад ва Вашингтон худро аз доштани чунин абзори фишоре алайҳи Пхенян маҳрум созад.

 

Июн 13, 2018 19:24 Asia/Dushanbe
Назарҳо