• Дархост барои тағйири низоми интихоботии Афғонистон

Намояндагони беш аз 30 гурӯҳи сиёсӣ дар Афғонистон ҳушдор доданд, ки агар низоми интихоботӣ ба пешниҳоди онҳо тағйир накунад ва роҳбурди баҳрамандии одилонаи онҳо аз курсиҳои парлумон дар он амалӣ нашавад, интихоботи ояндаро таҳрим хоҳанд кард.

Намояндагони ин аҳзоб дар нишасте дар интиқод аз низоми интихоботи кунунии ин кишвар барои эҷоди парлумони қавӣ, хостори тағйири сохтори интихобот ва тасвиби тарҳи “раъйи қобили интиқол” дар интихоботи оянда шуданд.

Асадуллоҳ Саодатӣ ба унвони намояндаи Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон дар ин нишаст зимни таъкид бар тағйири низоми интихоботи Афғонистон изҳор дошт, низоми кунунии интихобот дар ин кишвар бахше аз мушкилоти Афғонистон аст.

Саодатӣ гуфт, ки бо системаи феълии интихоботӣ, курсиҳои парлумон пеш аз баргузории интихобот ба далели саҳим набудани аҳзоб хариду фурӯш мешавад.

Вай идома дод, дар низоми таносубӣ мавзӯоти мухталифе, аз ҷумла таносуби қавмӣ, вилоятӣ, ҷуғрофиёӣ ва ҳамчунин буъди тавозуни ҳизбӣ ва ҳатто тавозуни афроди мустақил дар интихобот дар назар гирифта мешавад ва ин сабаби коромадии бештари парлумон хоҳад шуд.

Дархости даҳҳо гурӯҳи сиёсӣ дар Афғонистон барои тағйир дар низоми интихоботии ин кишвар дар ҳоле бори дигар ба унвони мутолибаи умумӣ матраҳ шудааст, ки яке аз муҳимтарин ваъдаҳои давлати Ваҳдати миллии Афғонистон бознигарӣ дар сохтор ва қонунҳои интихобот будааст, ки то кунун мутаносиб бо интизорот иҷро нашудааст.

Аз назари фаъолони сиёсӣ дар Афғонстон, низоми интихоботии ин кишвар дорои нуқсҳои ҷиддӣ аст, ки зимни бархурдор набудан аз шаффофият ва ҷомеияти лозим, имкони баҳрамандии одилона ва таносуби гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ ва сиёсӣ аз зарфиятҳои мавҷуд дар раванди таърифшудаи демократӣ дар Афғонистонро фароҳам накардааст.

Аҳзоби мухталиф дар Афғонистон бар ин ақидаанд, ки низоми интихоботи кунунӣ дар бораи роҳёбии ҳамаи гурӯҳҳои мавҷуди сиёсӣ ва қавмӣ дар ин кишвар ба парлумон, бар асоси модели одилона роҳкоре надорад ва ин сохтор натавониста ҳанӯз дар мизони баҳрамандии муносиб ва мусовии мардуми Афғонистон аз курсиҳои парлумон дастикам бар мабнои унсурҳои ҷамъият ва тақсимоти ҷуғрофиёӣ (шаҳр ва вилоят) роҳкоре ироа кунад.

Дар чанд моҳ монда ба баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар Афғонистон, бори дигар гурӯҳҳои сиёсӣ дар ин кишвар бо гӯшзад кардани чолишҳои мавҷуд дар низоми интихоботӣ, хостори он шудаанд, ки ин сохтор ба гунае тағйир кунад, ки фурсати ироаи саҳми мусовӣ ба мардуми ин кишвар дар қолаби аҳзоб барои як давраи панҷсолаи дигар ба таъхир наафтад.

Фазл Аҳмад Маънавӣ, раиси собиқи комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, низоми интихоботии ин кишвар ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад то мардум битавонанд ба раванди интихобот эътимод кунанд.

Дар модели мавриди назари аҳзоби Афғонистон, ки аз он ба унвони низоми интихоботи таносубӣ ном бурда шудааст, ҳадаф вогузории нақши бештар ба гурӯҳҳои сиёсӣ дар ҷалби мушорикати мардум, ташкили парлумон ва афзоиши посухгӯӣ ба афкори умумӣ аст.

Бар ин асос, дар низоми таносубӣ аҳзоб худ номзад мешаванд ва теъдоди курсии аҳзоб дар парлумон ба мизони орои онон бастагӣ дорад, ки ба даст меоваранд. Аз назари тарроҳони ин модел, мизони масъулиятпазирии аҳзоб дар муқоиса бо ашхоси мустақил ба маротиб болотар аст.

Ба назар мерасад, дар муддати кӯтоҳи боқимонда то октябри соли 2018, ки замони баргузории интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон эълом шудааст, имкони бознигарӣ дар низоми интихоботии ин кишвар фароҳам нест ва ин масъала ҳамчунон давлати Кобулро дар маърази интиқоди тунди гурӯҳҳои сиёсии рақиб қарор медиҳад.

 

 

Июн 14, 2018 12:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо