• Иди Фитр муборак!

Фардо аввали шаволи 1439 қамарӣ мусодиф бо 15 июни 2018 милодӣ, дар Эрони исломӣ, Иди Фитр эълом шудааст.

Мардуми муъмин ва худоҷӯи Эрони исломӣ дар рӯзи Иди Фитр пас аз як‎моҳ рӯза‎дорӣ дар сафҳои густурда, намози Иди Фитр ширкат ме‎кунанд.

Дар фарҳанги исломӣ, нахустин рӯзи моҳи шаввол, ба унвони иди Фитр ва ҷашни бозгашт ба фитрат таъйин шудааст, зеро мусулмонони рӯза‎дор дар тӯли  моҳи мубораки Рамазон бо ибодати Худованд ва истиғфор аз гуноҳон, олудги‎ҳои зоҳирӣ ва ботиниро аз рӯҳу ҷони худ задуда ва ба фитрати воқеии хеш баргаштаанд.

Иди Фитр яке аз бузургтарин айёми сол аст, ки бино бар ривоёт, дарҳои раҳмати илоҳӣ дар он боз аст ва ба ҳар мизон, ки мардум аз анбошти энержии маънавии моҳи мубораки Рамазон баҳра бурдаанд, иди Фитр ва рӯзҳои пас аз он ҳам метавонад, рӯзҳои покӣ ва дӯрии онҳо аз гуноҳон бошад.

Радио тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани иди бандагиро ба ҳамаи мусулмонон, табрик мегӯяд.

 

Июн 14, 2018 19:56 Asia/Dushanbe
Назарҳо