• Таъкиди раисҷумҳури собиқи Афғонистон бар фишори давлати Амрико бар қатъи равобит бо Эрон

Раисҷумҳури собиқи Афғонистон таъкид кард, дар даврони ҳукумати вай, Амрико бисёр фишор ворид кард, то равобит бо ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кунам.

Ба нақл аз Ово, Ҳомид Карзай афзуд, давлати Амрико борҳо бо таҳдид ва фишор аз давлати Афғонистон хоста буд, ба равобит бо Эрон поён диҳад.  

Карзай афзуд, давлати вай ҳеҷгоҳ ҳозир нашуд, ба ин хостаи номашруи Вашингтон тан диҳад ва ба густариши равобит бо ҷумҳурии исломии Эрон идома дод.

 

Июн 17, 2018 17:28 Asia/Dushanbe
Назарҳо