• Сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп боиси интиқоди ҳамсараш шуд

Ҳамсари раисиҷумҳури Амрико аз сиёсатҳои муҳоҷиратии ӯ, ки ба ҷудо шудани беш аз ду ҳазор кӯдаки муҳоҷир аз волидайнашон мунҷар шудааст, интиқод кард.

Стефани Гришам, сухангӯи Мелани Трамп, ҳамсари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба шабакаи СНН, гуфт, хонуми Трамп аз ин ки ҷудоии кӯдаконро аз хонаводаояшон мебинад, эҳсоси нафрат карда ва умедвор аст ду ҳизби демократ ва ҷумҳурихоҳ барои расидан ба ислоҳоти сиёсатҳои муҳоҷиратӣ, бо ҳам муттаҳид шаванд.

Давлати Трамп бо «сиёсати таҳаммули сифр»-и худ, тасмим гирифта бо ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ бидуни истисно бархӯрди қазоӣ кунад ва дар натиҷаи ин сиёсат, кӯдакони ин муҳоҷирон то замоне, ки таклифи волидайни онон мушаххас нашавад, аз онон ҷудо мешаванд.

Омори вазорати амнияти дохилии Амрико нишон медиҳад, маъмурони марзии ин кишвар дар шаш ҳафтаи гузашта, наздик ба ду ҳазор кӯдакро аз волидайни муҳоҷирашон ҷудо карда ва бо нигаҳдории онҳо дар урдугоҳҳои ҷудогона, ба падар ва модари онҳо фишор ворид мекунанд.

Ин иқдом интиқоди созмонҳои ҳуқуқи башариро барангехтааст.

Дафтари умури ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ аз Амрико хоста буд, ки ба парвандасозӣ ва нақзи ҳуқуқи хонаводаҳои муҳоҷире, ки ба сурати ғайримуҷоз вориди хоки ин кишвар мешаванд, поён диҳад ва сиёсати мудороҷӯёнатаре дар пеш гирад.

Давлати Трамп ҳамвора мавзеи сарсахте дар қиболи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён дошта ва барои мутаваққиф кардани раванди муҳоҷират ба иқдомоти мухталиф, аз ҷумла лағви тавофуқҳои марбута ва вазъи қавонини маҳдудкунанда даст задааст.

 

Июн 18, 2018 12:17 Asia/Dushanbe
Назарҳо