• Барнагаштани шумори зиёде аз аъзои Толибон ба қароргоҳҳои худ

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, бисёре аз аъзои Толибон, ки дар рӯзҳои оташбас вориди манотиқи ин кишвар шуда буданд, ба қароргоҳҳои худ барнагаштаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, Муҳаммад Родманиш рӯзи сешанбе гуфт, ҳазорон нафар аз аъзои Толибон дар се рӯзи оташбас бо нерӯҳои давлатӣ вориди шаҳрҳои мухталифи Афғонистон шуданд, аммо шуморе аз онон то кунун ба майдони ҷанг барнагаштаанд. Ӯ афзуд, аъзои гурӯҳи Толибон ҳангоми вуруд ба шаҳри Кобул сабти ном шуданд ва омори расмӣ нишон медиҳад, ки ниме аз онҳо дар пойтахт боқӣ мондаанд. Родманиш гуфт, аъзои боқимондаи Толибон дар шаҳри Кобул ба ниҳодҳои амниятии Афғонистон гуфтаанд, мехоҳанд зиндагии сулҳомез дошта бошанд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон рӯзи душанбе оташбаси муваққат бо гурӯҳи Толибонро 10 рӯзи дигар тамдид кард, аммо Толибон аз тамдиди он истиқбол накард.

 

Июн 19, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
Назарҳо