• Ҳамсари Нетанёҳу ба фасоди молӣ муттаҳам шуд

Ҳамсари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба фиребкорӣ ва кулоҳбардорӣ муттаҳам шуд.

Ба гузориши Ассошиэйтед-пресс, вазорати додгустарии режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшнбе Сара Нетанёҳу ҳамсари Бинёмин Нетанёҳуро муттаҳам кард, ки бо давр задани қонун, дар муддати се сол беш аз 100 ҳазор доллар аз будҷаи дафтари нахуствазириро барои масрафи шахсӣ ҳазина кардааст.

Бар асоси баёнияи вазорати додгустарии режими Исроил, Сара Нетанёҳу ба «фасоди ҷиддӣ» муттаҳам аст.

Дар ҳафтаҳои гузашта вакилони Нетанёҳу талош карда буданд бо додситони Исроил ба тавофуқе бирасанд, ки дасти кам аз эъломи иттиҳом алайҳи Соро Нетанёҳу ҷилавгирӣ шавад.

Ба навиштаи расонаҳои исроилӣ, интизор меравад, ки шахси Бинёмин Нетанёҳу ҳам зарфи чанд моҳи оянда ва ниҳоятан то моҳҳои нахусти соли 2019 ба мавридҳои мушобеҳе муттаҳам шавад.

Пулиси режими саҳюнистӣ ахиран барои ҳаштумин бор тайи ду соли гузашта бо ҳузур дар маҳали сукунати Бинёмин Нетанёҳу аз ӯ бозҷӯӣ кард.

Бо густариши фасоди молӣ ва ахлоқӣ миёни масъулони сиёсӣ ва низомии режими саҳюнистӣ дар солҳои ахир, бисёре аз масъулони ин режим, аз ҷумла раис ва нахуствазири асбақи ин режим маҷбур ба истеъфо аз симатҳои худ шуданд.

 

Июн 22, 2018 17:49 Asia/Dushanbe
Назарҳо