• Муҳокимаи кӯдаки яксола дар Амрико, дастоварди сиёсати зиддимуҳоҷиратии Трамп

Охирин дастоварди сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯнамои шуд, муҳокимаи кӯдаки яксола дар додгоҳ.

Дар муғойират бо куллияи усули ҳуқуқӣ ва завобити ҳуқуқи башарӣ, додгоҳе дар иёлоти Аризонаи Амрико як кӯдаки яксолаи гондурасиро муҳокима ва вайро ба ончи бозгашти довталабона ба Гондурас хонда шудааст, маҳкум кард.  

Ин кӯдаки яксола, ки Хон номида шудааст, дар замони додрасӣ каме бо як тупи пластикӣ бозӣ кард, сипас аз як шиша шир хурд ва дар охир ҳам бо беқарорӣ гиря сар дод.  

Муҳокимаи як кӯдаки ширхор дар додгоҳ ба қадре ногувор буд, ки қозии додгоҳ низ онро иқдоме шармсорона хонд.  

Ҷон Ричардсон, қозии додгоҳи расидагӣ ба вазъи муҳоҷиратии Хон гуфт: Аз инки маҷбур шудам, аз ин кӯдаки яксола бипурсам, ки оё фароянди додрасиро дарк мекунад ё на ва ӯ фақат гиря кард, шармсорам. Намедонам бояд ин моҷароро бояд ба чи касе тавзеҳ дод.  

Ин шармсорӣ фақат мутаваҷҷеҳи қозӣ Ричардсон нест, балки дар дараҷаи нахуст, шахси Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бар мегирад.

Трамп дар ростои иҷрои қавонини зиддимуҳоҷиратӣ бо истифода аз мушти оҳанин, ки ба сиёсати таҳаммули сифр шуҳрат ёфта, заминаи ҷудоии иҷбории кӯдаконро аз волидайни фоқиди мадорики қонунии муҳоҷиратӣ фароҳам кардааст.

Трамп дар вокуниш ба сиёсати зиддиинсонии худ алайҳи паноҳҷуён мегӯяд: Ман як роҳҳал дорам. Ба мардум бигӯед, ба таври ғайриқонунӣ вориди кишварамон нашаванд.  

Аз назари Трамп афроде, ки бидуни иҷоза вориди хоки Амрико мешаванд, аз ҳеҷ ҳуқуқи инсонӣ бархурдор нестанд, ҳатто ҳаққи табиии канори ҳам қарор доштани кӯдак ва волидайнаш.

 

Барчасп

Июл 11, 2018 18:14 Asia/Dushanbe
Назарҳо