• ДИИШ, масъули ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул

Гурӯҳи террористии ДИИШ, масъулияти ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар минтақаи шианишини Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, як омили террористии рӯзи чаҳоршанбе, вориди як маркази омӯзишӣ дар минтақаи Дашти Барчӣ дар ғарби Кобул шуд ва бомби ҳамроҳи худро мунфаҷир кард.

Дар ин ҳодиса, 34 ғайри низомии афғон кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Пештар манобеи афғон, шумори куштаҳои ин инфиҷорро 48 нафар эълом карда буданд.

 

Август 16, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
Назарҳо