• Тазоҳуроти 400 километрии покистониҳо барои маҳкум кардани тавҳин ба Паёмбар (с)

Ҷунбиши “Лабайк ё Расулуллоҳ”-и Покистон дар эътироз ба тавҳин ба Паёмбари Акрам (с) дар Нидерланд, тазоҳуроти худро аз шаҳри Лоҳур ба самти Исломобод оғоз кард.

Ба гузориши ИРНА, Ҷунбиши “Лабайк ё Расулуллоҳ”-и Покистон ба раҳбарии Аллома Ходимҳусайн Разавӣ асри чаҳоршанбе тазоҳуроти эътирозомези худро дар масири 400 километрии Лоҳур то Исломобод оғоз кард ва қарор аст, мӯътаризон дар Исломобод дар муқобили сафорати Нидерландия таҷаммӯъ кунанд.

Ин тазоҳурот бо 200 нафар оғоз шудааст ва дар тӯли масир ва аз ҳар минтақае бо пайвастани мардум ба шумори тазоҳуркунандагон, афзуда мешавад.

Ҳизби зиддиисломи озодии Нидерландия ахиран дар иқдоме таҳрикомез эълом кард, қасд дорад мусобиқаи карикатур бо мавзӯи Паёмбари Ислом (с) баргузор кунад.

Сенати Покистон рӯзи душанбеи гузашта дар нишасти ошкори худ дар баёнияе ин иқдоми тавҳиномези Ҳизб зиддиисломи озодии Нидерландро ба иттифоқи оро маҳкум кард.

27- уми август ҳам вазорати хориҷаи Покистон кордори сафорати Нидерландия дар Исломободро эҳзор кард.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷаи Афғонистон низ рӯзи панҷшанбе дар баёнияе баргузории чунин мусобиқаеро маҳкум кард ва ба давлати Нидерландия ҳушдор дод чунин иқдоме, барангехта шудани эҳсосоти миллионҳо мусулмон ва инсони озодаро дар саросари ҷаҳон ба ҳамроҳ дорад.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон ҳамчунин аз маҷомеи байналмилалӣ ва Созмони Милали Муттаҳид хост аз иқдомоте, ки сабаби эҷоди нафрат ва ошуб байни пайравони адён мешавад, ҷилавгирӣ кунанд.

 

Барчасп

Август 30, 2018 17:40 Asia/Dushanbe
Назарҳо