• Тамдиди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия

Дар чаҳор соли ахир таҳримҳои Ғарб, ба вижа Иттиҳоди Аврупо ва Амрико алайҳи Русия ба баҳонаи пайвастани Қрим ба хоки худ ва низ мудохила ва ташдидт буҳрони Украина бо ҳимоят аз мухолифони шарқи Украина эҷод ва идома ёфтааст.

Ин таҳримҳо, ки аз соли 2014 ба иҷро даромада ва шомили маҷмӯае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зиддирусӣ аст, вокуниши мутақобили Маскавро дар пай дошта ва мӯҷиби коҳиши шадиди сатҳи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Русия ва Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Дар тозатарин иқдом дар ин замина, Иттиҳоди Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо тамдиди шашмоҳаи таҳримҳо алайҳи Русия мувофиқат кард. Далели тамдиди ин таҳримҳо илова бар масъалаи пайвастани Қрим ба Русия ва мудохилаи Маскав дар шарқи Украина, иддаои ҳамалоти сайберӣ ва сӯиқасди кимиёӣ алайҳи Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи рус ва духтараш дар марти соли 2018 дар Британия аст.

Муттаҳам шудани Русия аз сӯйи Британия ба дахолати мустақим дар масмумияти кимиёии Скрипал ба баҳонае барои ғарбиҳо дар ростои тамдид ва ташдиди иқдомоти танбеҳӣ алайҳи Маскав табдил шудааст. Дар ин росто Терза Мэй, нахуствазири Британия рӯзи чаҳоршанбе бори дигар Русияро ба ҳамла бо гази заҳрогини аъсоби “навичок” алайҳи Скрипал муттаҳам кард ва аз Маскав хост, афроди муртабитро таҳвил диҳад.

Ба гуфтаи вай, ду мазнуни аслии ин ҳамла ҷосусони русӣ будаанд. Нахуствазири Британия иддао кард, ду шаҳрванди рус бо номҳои Александр Петров ва Руслан Бочиров, баъд аз ин ҳамла ба Русия бозгаштаанд ва Британия хостори таҳвили онҳо аст. Тереза Мэй муддаӣ шуд, дар сурате, ки ин ду нафар аз Русия хориҷ шаванд, Лондон тамоми талоши худро барои дастгирии онҳо ба кор хоҳад гирифт.

Ин дар ҳоле аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бар дахолат надоштани кишвараш дар моҷарои масмумияти Скрипал таъкид кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба рӯйкард ва амалкарди давлати Британия, иддаоҳои он дар бораи нақши Русия дар ҳодисаи масмумияти Скрипал ҷойи тардид дорад. Зимни ин ки ҳадафи Лондон аз ин иқдом беш аз ин ки ҷанбаи инсонӣ ва ҳатто амниятӣ, яъне корбурди силоҳи кимиёӣ дар хоки як кишвари аврупоӣ, он гуна, ки иддао карда бошад, бештар фароҳам овардани баҳонаи лозим барои эъмоли таҳримҳои бештар ва ҳамаҷониба алайҳи Маскав аст.

Ба гуфтаи Александр Яковенко, сафири Русия дар Британия, бо аз байн рафтани мадорики марбут ба парвандаи Сергуй Скрипал, агар ниёзе ба баррасии мавзуъ бошад, ин амр мумкин нахоҳад буд.

Аз дидгоҳи Маскав, иқдом ҳамоҳанги ғарбиҳо дар ин замина, аз ҷумла эъмоли таҳримҳои ҷадид тавассути Амрико ва тамдиди таҳримҳо тавассути Иттиҳоди Аврупо, нишонаи талоши ҳисобшуда ва созмонёфта бо ҳадафи таҳти фишор қарор додани Русия ва мунзавӣ кардани ин кишвар дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Ба гуфтаи Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия, пушти ин иқдом афроде қудратманд дар Британия ва Амрико қарор доранд.

Аз дидгоҳи Маскав, таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия хасмона ва беасос аст. Британия, ки ба далели ихтилофи шадид бо Иттиҳоди Аврупо бар сари хуруҷ аз ин иттиҳодия ва афзоиши интиқодот дар ин замина, дар дохил бо фишори зиёде рӯбарӯ аст, фурсатро ғанимат шумурда ва саъй мекунад бо бузургнамоии ҳодисаи масмумияти кимиёии Скрипал, ҳамроҳтт муҷаддадт кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ба даст оварад.

Масъалаи эъмол ва тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия ба калобаи сардаргум ва ба ҳам печидае дар равобит байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия табдил шудааст. Зеро ин ки тамдиди ҷадиди шашмоҳаи таҳримҳо алайҳи Русия, аз нигоҳи Маскав, ҳаракати ғайридӯстона ва вогароёна аз сӯйи Брюссел талаққӣ мешавад.

 

Барчасп

Сентябр 06, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
Назарҳо