• Амрико мухолифи нигоҳи иқтисодии Чин ба Покистон аст

Вазирони хориҷии Покистону Чин роҳҳои густариши равобити дуҷониба, аз ҷумла мавзӯоти иқтисодӣ ва минтақаиро баррасӣ карданд.

Ван И (Wang Yi) дар дидор бо Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ дар Исломобод гуфт, Чин дар талош аст, ба тақвияту суботи иқтисодии Покистон кумак кунад ва равобити роҳбурдии Пекин ва Исломободро беҳбуд бахшад. Вазири умури хориҷии Покистон ҳам таъкид кард, ду тараф барои тақвияти амнияти минтақаӣ ва пешбурди фароянди сулҳи Афғонистон ҳамкорӣ мекунанд. Сафари вазири умури хориҷии Чин ба Покистон ҳамзамон бо сафари Майк Пампео, вазири умури хориҷии Амрико ба Исломобод баёнгари афзоиши рақобатҳои минтақаии Вашингтон ва Пекин дар ҷануби Осиё аст.

 

Истиқрори давлати ҷадид дар Покистон ба раҳбарии Умрон Хон, раҳбари Таҳрики инсофи Покистон фурсату бистари муносиберо барои ҳарду кишвар, Амрико ва Чин фароҳам кардааст, то барои пешбурди аҳдоф ва барномаҳои худ дар Покистон бештар талош кунанд, бо ин тафовут, ки Чин пештар қарордоди эҷоди коридори иқтисодӣ ва транзитӣ бо Покистон имзо карда ва акнун дар садади тарғиби ин кишвар ба иҷрои ҳарчи сареътар он аст. Ин дар ҳолест, ки Амрико ба шиддат мухолифи ин қарордоди Исломободу Пекин ва хоҳони таваққуфи амалӣ кардани он аз сӯйи давлати Покистон аст. Фишорҳои Амрико ба давлати Покистон дар солҳои ахир, бахусус дар давраи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико боис шудааст, Исломобод барои тавсеаи ҳамкорӣ бо Чин, Русия ва Эрон талош кунад, то халои таваққуфи ҳамкорӣ бо Амрикоро дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ ва низомӣ пур кунад. Аз ин рӯ, давлати Покистон имзои қарордоди долони иқтисодӣ бо Чинро, ки аз бандари Синзяни Чин оғоз ва то бандари Гвадари Покистон идома дорад, муваффақияти тиҷории иқтисодӣ барои худ медонад, ки бо сармоягузории ҳудуди 50-миллиарддолларии Чин дар ҳоли иҷро аст. Абдулатиф Назарӣ, коршиноси масоили сиёсӣ дар Покистон муътақид аст, пас аз эъломи стратегияи ҷадиди давлати Амрико дар минтақа ва эъмоли фишор бар Покистон кишварҳои минтақа дар ҳоли шакл додани як блоки минтақаии бисёр ҷиддӣ ҳастанд, ки дар он Русия, Чин ва Покистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки Амрико сиёсати ноамнсозӣ дар минтақаро аз тариқи рушди ДИИШ дунбол мекунад.

 

Мавзеи қотеи Умрон Хон, нахуствазири Покистон мабнӣ бар ин ки ин кишвар дар ҳеҷ амалиёти зидди терроризм бо фармондеҳии Амрико мушорикат намекунад, Чинро ба шикасти сиёсатҳои Вашингтон дар минтақа беш аз пеш умедвор мекунад. Зеро Амрико на танҳо ваҷҳа ва эътибори худро дар минтақа аз даст додааст, балки муҳимтарин омили ноамнӣ ва густариши терроризм талаққӣ мешавад. Дар чунин шароите сафари вазири хориҷии Чин ба Покистон билофосила пас аз сафари ахири вазири умури хориҷии Амрико ба Исломобод баёнгари мавқеият ва тавони таъсиргузории Пекин дар таҳаввулоти минтақаӣ аст. Ба ҳамин далел Амрико дар ҳоли пурранг кардани нақши Ҳинд ба унвони рақиби атомии Покистон дар минтақа аст. Доктор Рошид Аҳмад Хон, пажуҳишгари масоили умури байналмилал дар Покистон муътақид аст, Амрико аз нуфузи рӯ ба густариши Чин дар минтақа дар ҳарос аст. “Ба ҳамин далел Амрико аз Ҳинд барои муқобила бо Чин дар минтақа истифода мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Амрико наметавонад мавқеияти роҳбурдии Покистонро дар минтақа нодида бигирад ва ба ҳамин далел Покистон ҳамчунон меҳвари рақобатҳои минтақаӣ хоҳад буд»,- мегӯяд ин пажуҳишгар.

 

Дар ҳар ҳол, сафари вазири умури хориҷии Чин ба Покистон нишон медиҳад, ки рақобатҳои Пекин ва Вашингтон дар бахши иқтисодӣ, ки бо ҷанги тиҷорӣ аз сӯйи Амрико идома дорад, дар ҳоли савқ ёфтан ба соири ҳавзаҳо, аз ҷумла дар ҷануби Осиё аст. Дар айни ҳол, масъалаи Ҳинд ва Афғонистон ҳамчунон ба унвони конунҳои буҳрон ва мавриди рақобати миёни Покистон, Амрико ва Чин матраҳ аст, ки метавонад беш аз пеш минтақаро бо буҳрон ва ноамнӣ рӯ ба рӯ кунад.

 

Сентябр 09, 2018 14:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо