• Ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул

Полиси Кобул аз ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Афғонистон хабар дод.  

Ҳишмат Станекзай, сухангуи полиси Кобул эълом кард, дар инфиҷори якшанбе як дастгоҳ мошини бомбгузоришуда дар масири корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул ду нафар захмӣ шуданд.

Ҳамла ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамзамон бо баргузории маросими таҷлил аз ин қаҳрамони миллии Афғонистон дар минтақаи шаҳраки Салими Кобул анҷом гирифт.

 

Сентябр 09, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо