• Интиқоди муҷоҳидини собиқ аз амалкарди Ашраф Ғанӣ

Муовини раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон аз нокоромадии Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ барои таваққуфи ноамнӣ ва ҷанг дар ин кишвар интиқод кард.

Муҳаммади Муҳаққиқ, ки дар маросими гиромидошти Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон сухан мегуфт, таъкид кард, бо ҳазфи раҳбарони сиёсӣ ва ҷиҳодии ин кишвар, амният дар Афғонистон таъмин намешавад.

Ба гуфтаи ин фармондеҳи ҷиҳодии собиқи Афғонистон ё бояд мардона бо мухолифон ҷангид ва ё барои сулҳ талош кард, ки Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар ҳар дуи ин масоил шикаст хӯрдааст.

Дар ҳамин ҳол Сарвар Дониш, муовини раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳам таъкид кард, мардуми ин кишвар аз ҷанг ва хунрезӣ хаста шудаанд. Вай низ, ки дар маросими гиромидошти ҳафдаҳумин солгарди террори Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон дар Кобул сухан мегуфт, таъкид кард, ҳарчанд Ашраф Ғанӣ дар ростои таъмини амнияти умумӣ костиҳо ва ғафлатҳое дорад, аммо набояд нерӯҳои амниятии афғонро ба камкорӣ дар ин хусус муттаҳам кард. Тардиде нест, Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон ҷони худро барои истиқлол ва таъмини амнияти мардуми ин кишвар фидо кард ва акнун ҳамразмони вай ва ҳамчунин мардуми Афғонистон интизор доранд, давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар низ барои посдошти хуни шуҳадои роҳи озодӣ ва истиқлоли Афғонистон тамоми тавони худро барои муқобила бо душманони ин кишвар ба кор гирад. Баъд аз ду даҳаи ишғоли Афғонистон аз сӯйи нерӯҳои амрикоӣ ва англис ба баҳонаи ҳалли мушкилоти амниятии ин кишвар, барои мардуми ин кишвар пазируфтанӣ нест, ки гурӯҳҳои террористӣ ва хушунатгаро озодона дар манотиқи ҳассос ва муҳими Афғонистон, аз ҷумла дар Кобул – пойтахт, иқдом ба ҳамалоти террористӣ мекунанд ва мардум, ба хусус занон ва кӯдаконро ба хоку хун мекашанд. Ба ҳамин далел, муҷоҳидини собиқи Афғонистон, ки солҳо барои берун рондани ишғолгарон аз ин кишвар ҷангидаанд, хоҳони бархурд ва мавзеи қотеи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар бархурд бо террористҳо ва хушунатталабон ҳастанд.

Абдурраб Расули Сайёф, раиси Шӯрои ҳаросат ва суботи Афғонистон мегӯяд, ҳимояти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз ҳамалоти террористӣ дар ростои тавтеаи онҳо ва муздуронашон барои тафриқаафканӣ ва роҳандозии ҷанг байни шиаву суннӣ, паштун ва ғайрипаштун дар ин кишвар сурат мегирад. Бинобар ин, зимни ҳифзи иттиҳод ва ҳамбастагии мардуми Афғонистон дар муқобили талошҳо барои роҳандозии ҷанги мазҳабӣ, давлати ин кишвар низ бояд қотеона бо террористҳо бархурд кунад.

Агарчӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳамвора бар муқобила бо хушунатталабон ва террористҳо дар ин кишвар таъкид ва хоҳони пайвастани Толибон ба раванди сулҳ шудааст, аммо бархе аз иқдомоти ахири артиши Афғонистон ҳамчун ақибнишинӣ аз мавозеи худ ва вогузории бархе манотиқ ба Толибон, дар канори бетаваҷҷуҳӣ ба тақвияти нерӯҳои низомӣ дар вилоёте, ки дар остонаи суқут аз сӯйи Толибон қарор доранд, ин зеҳнияти манфиро дар ҷомеаи Афғонистон эҷод мекунад, ки Ашраф Ғанӣ бо ҳамкории дигар гурӯҳҳои паштун дар садади вогузории ҷуғрофиё ба Толибон ва итмоми ҷанг ба нафъи ин гурӯҳ ва як қавми хос аст.

Абдуррауф Инъомӣ, аз намояндагони парлумони Афғонистон мегӯяд, густариши ноамниҳо ва куштори ғайринизомиён дар Афғонистон ношӣ аз бекифоятии давлати Ашраф Ғанӣ аст ва масъулони амниятӣ бояд истезоҳ ва салби салоҳият шаванд. Таъмини амният ибтидоитарин хостаи мардуми Афғонистон аст, ки давлати Ваҳдати Миллӣ дар расидагӣ ба ин мавзуъ ноком мондааст. Ашраф Ғанӣ бояд барои таваҷҷуҳ ба хостаи мардум зуд тасмим бигирад.

Ба ҳар ҳол, муҷоҳидини собиқи Афғонистон агарчӣ аз амалкарди Ашраф Ғанӣ дар ҳавзаи амниятӣ интиқод мекунанд, аммо борҳо омодагии худро барои кумак ба таъмини амнияти ин кишвар эълом ва таъкид кардаанд, омодаи эъзом ба ҷабҳаҳои ҷанг ҳастанд то монанди гузашта барои истиқлол ва озодии Афғонистон вориди корзор шаванд, ки раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳанӯз ин дархости ононро напазируфтааст.

 

Барчасп

Сентябр 10, 2018 15:16 Asia/Dushanbe
Назарҳо