• Бузургтарин размоиши се даҳаи ахири Русия оғоз шуд

Размоиши "Восток-2018", ки бузургтарин размоиши Русия дар се даҳаи ахир маҳсуб мешавад, дар манотиқи Ховари Дур ва Сибири ин кишвар оғоз шуд.

Вазорати дифои Русия эълом кард, размоиши "Восток-2018" сешанбе дар чандин нуқтаи Сибир ва Ховари Дур оғоз шуд ва дар он беш аз 300 ҳазор нерӯи низомӣ ширкат доранд.  

Сергей Шайго, вазири дифои Русия дар ин бора гуфт, размоиши "Восток-2018" аз назари абъод аз соли 1981, ки размоиши “Запад-81”-и артиши Шӯравӣ баргузор шуд, бесобиқа аст.

Дар размоиши "Восток-2018" нерӯҳои ҳавзаи низомии федерали шарқ ва марказии Русия, воҳидҳои новгони шимоли ин кишвар, нерӯи ҳавобурд, воҳидҳои ҳавоии дурпарвоз ва таробарии ҳавоӣ ширкат доранд.  

Пеш аз баргузории ин размоиш, як ҳафта пеш ба дастури Владимир Путин, раисҷумҳури Русия омодабоши низомӣ эълом шуд.

Пас аз он дар тӯли шаш рӯз, 16 размоиши кӯчак барои омода шудани нерӯҳои ширкаткунанда дар размоиши "Восток-2018" дар манотиқи шарқ ва марказии Русия баргузор шуд.  

Воҳидҳое аз артиши Чин ва Муғулистон низ дар размоиш ширкат кардаанд.  

 

Сентябр 11, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
Назарҳо