• 76 кушта ва захмӣ дар ҳамлаи интиҳорӣ дар Нангарҳори Афғонистон

Ҳамлаи интиҳорӣ дар миёни муътаризон дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон токунун 19 кушта ва 57 захмӣ барҷой гузошт.  

Атоуллоҳи Хугиёнӣ, сухангуи устондори Нангарҳор эълом кард: Ин ҳамлаи интиҳорӣ баъд аз зуҳри имрӯз дар миёни ҷамъе аз муътаризин дар бузургроҳи Ҷалолобод-Торхам рӯй дод.

Ин инфиҷор дар миёни афроде рӯй дод, ки зидди як фармондеҳи маҳаллӣ даст ба тазоҳурот зада буданд.  

Токунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Илова бар Толибон, ДИИШ низ ҳузури густарда дар Нангарҳор дорад.

 

 

 

Сентябр 11, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
Назарҳо