• Афзоиши қурбониёни инфиҷори террористӣ дар шарқи Афғонистон

Сухангӯи волии Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани 68 нафар бар асари инфиҷори террористӣ ба як таҷаммӯи эътирозӣ дар шаҳристони Муҳманддараи ин вилоят хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Атовуллоҳ Хӯгиёнӣ афзуд, бар асари ин инфиҷор ҳамчунин 160 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки ҳоли бархе аз маҷрӯҳон вахим гузориш шудааст.

Сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, омили ин инфиҷор низ кушта шудааст.

Мардуми шаҳристони Муҳманддараи вилояти Нангарҳор дар тазоҳуроти рӯзи гузаштаи худ, барканории Билол Почо, фармондеҳи полиси маҳаллии ин минтақаро ба иллати зӯргӯӣ ва озору азияти аҳолӣ хостор шуда буданд.

 

Барчасп

Сентябр 12, 2018 11:11 Asia/Dushanbe
Назарҳо