• Иванка қурбонии кӯдакозории Трамп

Филмсози саршиноси амрикоӣ фош кард, духтари раиси ҷумҳурии Амрико қурбонии кӯдакозори вай шудааст.

Ба гузориши “Нюзвик”, Майкл Мур, филмсози саршиноси амрикоӣ дар мустанади ҷадиди худ ба бахше аз зиндагии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико мепардозад, ки баёнгари сӯиистифодаи рафтории ӯ аз Иванка - духтараш будааст.

Майкл Мур дар ин мустанад ба ин мавзуъ пардохтааст, ки Иванка қурбонии кӯдакозории Доналд Трамп шудааст.

Ин филмсози саршиноси амрикоӣ дар ин мустанад ба рафтори ғайриахлоқии Доналд Трамп, аз ҷумла тасовири машкук ва баҳсбарангези ӯ бо Иванка - духтараш пардохтааст.

Майкл Мур ҳамчунин ба тасовири муштараке аз Трамп ва духтараш ишора кардааст, ки дар онҳо нишонаҳое аз рафторҳои нодуруст ё сӯирафторҳои ҷинсӣ, замоне ки Иванка камсинтар будааст, мушоҳида мешавад.

Мур бо ёдоварии ин ки мунтазири изҳори назари Трамп дар бораи филми ҷадидаш дар хусуси равобити ӯ ва духтараш нест, гуфт, ин рафтор нишон медиҳад, ки ӯ як фарди фосид ва бадрафтори воқеӣ аст.

Трамп дар рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 низ калимоти ғайриахлоқӣ дар мавриди робитааш бо Иванка матраҳ кард.

Гузоришҳои зиёде то кунун дар хусуси фасоди ахлоқии Трамп дар расонаҳо мунташир шудааст.

Чанд зани амрикоӣ низ дар хусуси озори ҷинсӣ аз Трамп ба додгоҳ шикоят кардаанд.

 

Сентябр 12, 2018 14:52 Asia/Dushanbe
Назарҳо