• Ҳазинаи сарсомовари ҷангталабиҳои Амрико пас аз 11 сентябр

Вазорати дифои Амрико Пентагон пас аз ҳаводиси 11 сентябр рақами сарсомовареро сарфи ҷанг дар Афғонистон, Ироқ ва Сурия кардааст.

Вазорати дифои Амрико эълом кард, аз замони ҳамлаи террористии ёздаҳи сентябри 2001, дар маҷмуъ дар ҷангҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия беш аз ҳазору 500 миллиард доллар аз пули молиётдиҳандагони амрикоӣ ҳазина шудааст.

Дар ин гузориш омадааст: Амалиёти низомии кунунии Амрико дар Афғонистон, Сурия ва Ироқ ва ҳамчунин амалиёти Noble Eagle барои маъмуриятҳои амнияти дохилӣ дар Амрико ва Канада, дар маҷмуъ 185 миллиарду 500 миллион доллар ҳазина доштааст.

 

Сентябр 12, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
Назарҳо