• Ҳазфи ду миллион раъйдиҳандаи тақаллубӣ дар интихоботи парлумонии Афғонистон

Комиссияи интихоботи Афғонистон аз ҳазфи ду миллион раъйдиҳандаи тақаллубӣ дар интихоботи парлумонии ин кишвар хабар дод.

Саид Ҳафизуллоҳи Ҳошимӣ, сухангуи Комиссияи интихоботи Афғонистон гуфт, мумкин аст, шумор касоне, ки дар раванди сабти ном ширкат кардаанд, аз 9 миллион нафар ба ҳафт миллиону 300 ҳазор нафар коҳиш ёбад.  

Комиссияи интихоботи Афғонистон пеш аз ин эълом карда буд, беш аз 9 миллион нафар дар раванди сабти номи раъйдиҳандагони интихоботи парлумонӣ ширкат кардаанд.  

 

Сентябр 12, 2018 20:26 Asia/Dushanbe
Назарҳо