• Оғози баррасии парвандаи мусулмони роҳингияӣ дар Лоҳа

Девони кайфарии байналмилалӣ аз оғози баррасии аввалияи парвандаи марбут ба ҷиноёти давлати Мянмар алайҳи мусулмонони Роҳингия хабар дод.

Фату Бенсуда, додситони Девони кайфарии байналмилалӣ гуфта, таҳқиқоти муқаддамотиро барои баррасии ин мавзуъ, ки оё ихроҷи мусулмонони Роҳингия аз Мянмар ба Бангладеш метавонад ҷузъи ҷиноёти ҷангӣ дастабандӣ шавад ё хайр, оғоз кардааст.  

Гузоришгарони Созмони милал бо интишори гузориши 444 саҳифаии ҷадиде аз мустанадоти куштор ва шиканҷаи мусулмонони роҳингияӣ, хостори муҳокимаи омилони куштор ва наслкушӣ дар Мянмар шуданд.

Пештар як кумитаи ҳақиқатёби Созмони милал ба ин натиҷа расид, ки артиши Мянмар соли гузашта дар иқдоме созмонёфта даст ба куштор ва таҷовузи ҷамъӣ алайҳи мусулмонони Роҳингия зада буд.

 

Сентябр 19, 2018 17:20 Asia/Dushanbe
Назарҳо